20 Май 2026 - 10:46
Source: ABNA
Табооти ҷанг бар зидди Эрон; ҳушдори Италия дар бораи табооти гарон шудани сӯзишворӣ

Табооти иқтисодии ҷанг бар зидди Эрон, Аврупоро низ бо мушкил рӯбарӯ карда ва Италия дар бораи бозмондани ҳамлу нақли бор ба сабаби касри сӯзишворӣ ҳушдор дод.

Ба гузориши агентӣи хабарии АБНА ба нақл аз Риа Новостӣ, Матео Салвинӣ, муовини сарвазир ва вазири инфрасохтор ва ҳамлунақли Италия гуфт, ки ширкатҳои ҳамлунақли италиявӣ ба ёрии фаврӣ ниёз доранд, зеро идомаи афзоиши хароҷоти сӯзишворӣ метавонад ба бозмондани ҳамлунақли бор оварда расонад.
Салвинӣ, вокуниши Брюксел нисбат ба афзоиши нархи сӯзишвориро тааҷҷубовар донист ва гуфт, ки брюкселҳо вазъиятро ҷиддӣ арзёбӣ мекунанд аммо барои андешидани чораҳо шитоб надоранд.
Амрико ва рӯзими сионистӣ, рӯзи нуҳуми исфанди соли 1404 (28 феврали 2026) бо таҷовуз ба хоки Эрон ба ноамн шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз барои гузаштани киштиҳо доман заданд. Ҷанг дар минтақаи Ғарби Осиё ва маҳдуд шудани гузариши нафтҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ба буҳрони энержӣ дар ҷаҳон доман задааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha