Ба гузориши агентсии иттилоотии АБНА, Ҳизбуллоҳи Лубнон бо ирсоли изҳороте эълом кард, ки бо диктатҳо ва фишорҳо аз ҷониби Амрико ва дигарон бо ҳадафи таҳмили гузинаҳое алайҳи ҳокимияти ин кишвар мухолиф аст.
Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ишғолгарони исроилӣ ҳаргиз бо вуҷуди разандагони муқовимат ва озодонои бошараф дар хоки Лубнон, ба оромӣ нахоҳанд расид.
Ҳизбуллоҳ таъкид кард, ки сухан аз созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Лубнон ва режими сионистӣ ба мисли каҷравӣ ва кӯшиши поксозии душмани сионистӣ ба шумор меравад. Мақомоти лубнонӣ бояд аз силсилаи имтиёздиҳиҳои ройгон ба душмани сионистӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқҳои ин кишвар даст бардоранд. Таҷовузҳои режим алайҳи Лубнон бояд ба таври ниҳоӣ ва комил бозмонда шавад.
Ҳизбуллоҳ бар гузинаи муқовимат дар баробари ишғолгарии сионистҳо таъкид кард.
Your Comment