Ба гузориши мухбири "Абно", "Дейли Мейл" гузориш дод, ки фишорҳо ба Кир Стармер, сарвазири Британия, барои истеъфо аз мақомаш афзоиш ёфтааст, ба тавре ки вазири корҳои дохилӣ ва вазири умури хориҷии Британия низ аз ӯ хостаанд, ки канорагирӣ кунад.
Дар ҳамин робита, рӯзи душанбе якчанд шахсиятҳои барҷастаи давлати Британия аз ҷумла вазири дифоъ ба қароргоҳи сарвазирӣ рафтанд.
Пешбинӣ мешавад, ки дархостҳо аз Стармер барои истеъфо аз мақомаш афзоиш ёбад. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки вазири беҳдошт ва шаҳрдори Манчестер ба таври махфӣ худро барои муқобила бо таҳаввулоти оянда омода мекунанд.
Шарлотт Николз, намояндаи парлумон аз ҳавзаи Уоррингтон Норт, таъкид кард, ки сарвазир назорати зарурӣ бар идораи кишварро надорад. Вай илова кард: "Тамом шуд, вақти он расидааст, ки шахси дигаре идораи корро ба даст гирад."
Ин фишорҳо пас аз он шадид шуданд, ки чор нафар аз ёварони кабинети Британия бо истинод ба эътимод надоштан ба қобилияти сарвазир барои тағйири раванди кунунӣ аз давлат истеъфо доданд. Ду нафари дигар бе истеъфо аз Стармер хостанд, ки канорагирӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки Стармер измими худро барои идомаи роҳи сиёсиаш таъкид карда ва аз таъйини шаш ёвари нав барои иваз кардани ононе, ки хостори истеъфои ӯ буданд, хабар дод.
Ин таҳаввулот дар натиҷаи шикасти ҳизби Лейборист дар интихоботи маҳаллии панҷшанбеи гузашта ба амал омадааст, ки аъзои ҳизбро водор месозад, то хостори истеъфои Стармер шаванд.
Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи маҳаллии Британия аз шикасти сахт ва фоҷиабори ҳизби Лейборист дар баробари ҳизби рости "Реформ"-и Британия ҳикоят дошт.
Ҳизби Лейбост ба раҳбарии сарвазири Британия, дар интихоботи маҳаллии ҳафтаи гузашта ба шикастҳои сахт ва бармаҳал дучор шуд; натиҷае, ки умқи хашми интихобкунандагонро нишон медиҳад ва шубҳаҳо дар бораи ояндаи сиёсии Стармерро афзудааст.
Your Comment