Ба гузориши агентии хабарии "Абно", Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "RT India" ҳушдор дод, ки дар сурати ба вуқӯъ омадани даргирӣ дар Тангаи Боб-ул-Мандаб, зарар ба бахши энержии ҷаҳон хеле бузург хоҳад буд.
Вай гуфт: Русия пешниҳоди таҳияи лоиҳаи эълонияи БРИКС-ро дар бораи вазъи Тангаи Ҳурмуз дода буд, аммо ихтилофот байни Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ монеи ин амр шуд.
Ин мақоми рус тасреҳ кард: Ҳукумати Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар робита бо Русия дар ҳама чиз ғайр аз радди гуфтугӯ, сиёсати ҳукумати Ҷо Байден, раиси ҷумҳури собиқро пайравӣ мекунад.
Лавров афзуд: Ҳукумати Трамп дар ҷустуҷӯи ҷазои иқтисодии Русия аст. Амрико бо истифода аз таҳримҳо кӯшиш мекунад, то Лукойл ва Роснефтро ба таври комил аз тиҷорати байналмилалӣ бартараф созад.
Вазири умури хориҷаи Русия гуфт: Вашингтон дар талош аст, ки бар ҳамкориҳои нафтии пешини Венесуэла бо ширкати Роснефт назорат пайдо кунад. Амрикоиҳо мехоҳанд хатти интиқоли норд стрим, ки мутааллиқи ширкатҳои аврупоӣ буд, бо нархи арзон бихаранд ва хатҳои гази таркидаро бозсозӣ кунанд.
Лавров афзуд: Амрико хоҳиши худро барои назорати транзити газ аз Русия ба Аврупо тавассути Украина пинҳон намекунад.
Вазири умури хориҷаи Русия хотирнишон кард: Бе ташкили давлати Фаластин, маркази ифротгароӣ дар Ховари Миёна барои даҳсолаҳои оянда идома хоҳад дошт.
Вай гуфт: Авруосиё ҳанӯз ҳам дар суботи бахшидани вазъи ҷаҳон нақш офарида истодааст. Манфиатҳои Ҳиндустон дар таъмини сӯзишворӣ аз Русия зери таъсири амалҳои ноодилонаи Ғарб қарор нахоҳад гирифт; Маскав тамоми кӯшиши худро барои кафолати ин амр ба кор хоҳад бурд.
Your Comment