Ба гузориши агентии хабарии "Абно", рӯзномаи сионистии "Ҳааретс" дар мақолае навиштааст, ки ду ширкати исроилӣ асбобҳои технологӣ тавреъ додаанд, ки имкони пайгирии корбарони хидмати интернети моҳвораии Старлинки тааллуқ ба Илон Маск ва муайян кардани мавқеъ ва ҳувияти онҳоро фароҳам меорад. "Ҳааретс" менависад, ки ин амал нигарониҳои васеъеро дар мавриди махфияти шахсӣ, назорат ва истифодаи маълумот барои мақсадҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ба вуҷуд овардааст.
Ин таҳқиқот даъво кардааст, ки ин асбобҳо ба таври инҳисорӣ ба ниҳодҳои ҳокимиятӣ ва амниятии режими сионистӣ ҳамчун воситаи "мубориза бо терроризм", "мубориза бо қочоқи маводи мухаддир", "назорати сарҳадҳои баҳрӣ" ва "шабакаҳои қочоқ" ба бозор пешниҳод мешаванд.
Старлинк яке аз муҳимтарин системахои интернети моҳвораӣ дар ҷаҳон аст, ки бар асоси беш аз 8 ҳазор моҳвораи мадори паст, ки аз ҷониби ширкати "Спейс Эйкс"-и тааллуқ ба Илон Маск ба фазо партоб шудаанд, такя дорад ва пайвасти интернетиро дар минтақаҳои дурдаст ва ҷудо аз инфрасохторҳои анъанавии коммуникатсионӣ фароҳам меорад.
Дар солҳои охир, ин хидмат ба воситаи калидӣ барои эътирозгарон ва мухолифони сиёсӣ дар кишварҳои гуногун табдил ёфтааст.
Ин таҳқиқот илова мекунад, ки яке аз ширкатҳо, ширкати сионистии "Тарҷ Тим" (TargeTeam) аст, ки дар Қибрис фаъолият мекунад, ин ширкат системаи "Старгетз" (Stargetz) -ро истеҳсол кардааст, ки бар асоси маводи маркетингии дохилӣ метавонад тақрибан як миллион дастгоҳи Старлинкро дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон назорат кунад.
Ширкати исроилии "Рейзон" (Rayzone) дигар ширкати сионистӣ аст, ки қобилиятҳои монандро дар қолаби таҳлили абармаълумот (big data) ба бозор пешниҳод мекунад.
Ба навиштаи "Ҳааретс", системаи "Старгетз" метавонад мавқеи дастгоҳҳои коммуникатсионии моҳвораиро шиносоӣ кунад, миқдори дастгоҳҳои ба ҳар истгоҳи заминӣ пайвастро назорат кунад ва кӯшиш кунад ҳувияти корбаронро тавассути рақами телефонҳои ҳамроҳ ё ҳисобҳои вобастаи онҳо дар шабакаҳои гуногун кашф кунад.
Your Comment