8 Май 2026 - 00:40
Source: ABNA
Маҳрумияти шаҳрвандии 3 намояндаи Баҳрайн ба далели ҳамдардӣ бо Эрон

Баҳрайн 3 намояндаи парлумони ин кишварро ба далели изҳори ҳамдардӣ бо Эрон аз шаҳрвандӣ маҳрум кард.

Ба гузориши хабаргузории «Абна» ба нақл аз «Ал-Маядин», Маҷлиси намояндагони Баҳрайн, имрӯз панҷшанбе, ба маҳрумияти узвияти се намояндаи парлумони ин кишвар ба далели баён кардани матолиби марбут ба ҳамгироӣ бо Эрон раъй дод.

«Абдуннабӣ Салмон», муовини якуми раиси Маҷлис, «Мамуд ас-Солеҳ», раиси кумитаи хидматрасонӣ ва «Маҳдӣ аш-Шувайх», намояндаи Маҷлис – ин се намоянда ҳастанд, ки ба таври муваққат ба далели изҳори ҳамдардӣ бо Эрон аз шаҳрвандӣ маҳрум шудаанд.

Рӯзномаҳои расмии Баҳрайн даъво доранд, ки ин қарор дар асоси моддаи 99 Конститутсия ва низомномаи дохилии Маҷлиси намояндагон оид ба ҷазоҳои марбут ба вайрон кардани вазифаҳои узвият қабул шудааст!

Ин 3 намоянда пеш аз ин дар яке аз ҷаласаҳои Маҷлис дар таърихи 28 апрели 2026 дар рафти баррасии ислоҳоти қонуни қувваи қазоия, аз тадбирҳои қабулшуда алайҳи муттаҳамон ба изҳори ҳамдардӣ бо Эрон, аз ҷумла маҳрумияти шаҳрвандӣ аз як қатор шаҳрвандон, интиқод карда буданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha