Ба гузориши агентии хабарии Абна ба нақл аз Скай Ньюз, Торбйорн Солтведт, таҳлилгари калони ширкати байналмилалии Вериск Мейплкрафт таъкид кард: "Ширкатҳои киштиронӣ ва суғурта бояд интизор бимонанд ва бубинанд вазъ чӣ гуна пеш меравад. Ба назар намерасад нақшаи Трамп ба танҳоӣ битавонад тангаи Ҳурмузро боз кунад."
Ҳамчунин ширкати контейнерии Ҳапаг-Лойди Олмон эълом кард, ки киштиронӣ тавассути тангаи Ҳурмуз дар ҳоли ҳозир ғайриимкон аст.
Қобили зикр аст, ки раиси ҷумҳурии Амрико дар камтар аз 48 соат аз оғози нақшаи иттиҳомии худ дар бораи тангаи Ҳурмуз онро ба ҳолати таълиқ даровард.
Трамп қасд дошт киштиҳои мустақар дар тангаи Ҳурмузро бе ҳамоҳангӣ бо Эрон аз ин минтақа гузаронад, ки бо посухи қатъии кишвари мо рӯ ба рӯ шуд.
Вай эълом кард: "Нақшаи ба ном 'Лоиҳаи Озодӣ', ки бо ҳадафи осон кардани гузашти киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз матраҳ шуда буд, ба таври муваққатӣ боздошта шудааст."
Трамп барои сарпӯш гузоштан бар ин шикаст дар паёме эълом кард, ки ин қарор дар пайи дархости баъзе кишварҳо аз ҷумла Покистон ва ҳамзамон бо идомаи раванди гуфтушунидҳо бо Эрон аттихоз шудааст.
Your Comment