Ба гузориши агентии ҳабарии Абно ба нақл аз CNN, Пет Райан, намояндаи Конгресси Амрико бо интиқод аз даъвии мазҳакавии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар бораи поёни таҷовуз ба Эрон бо интишори тасвирҳое дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X гуфт: «Онҳо (аъзои кабинет ва Трамп) гапи бесарумед мегӯянд, ки ҷанг тамом шудааст».
Намояндаи Конгресси Амрико илова кард: «Воқеиятҳои майдонӣ ва хароҷоти он ҳанӯз идома доранд. Беш аз 50 ҳазор нерӯи низомӣ дар минтақа мустақар шудаанд ва миллиардҳо доллар таҷҳизоти низомӣ ба кор гирифта шудааст. Нархи бензин дар Амрико ба таври шадид афзудааст».
Пет Райан илова кард: «Ҳатто агар Трамп даъво кунад, ки ҷанг тамом шудааст, воқеият ин аст, ки мардум ҳанӯз баҳои онро мепардозанд».
Намояндаи Конгресси Амрико бо интиқод аз даъвии мазҳакавии раиси ҷумҳури Амрико дар бораи поёни таҷовуз ба Эрон эълом кард: «Мо амрикоиҳо дар ҳоли пардохти баҳои ҷанги Трамп ҳастем».
Your Comment