Ба гузориши хабарии Абна, расонаҳои лубнонӣ гузориш доданд, ки режими сионистӣ бо истифода аз як булдозер як дайри масеҳиёнро дар деҳаи сарҳаддии Ярун хароб карданд.
Ин дар ҳолест, ки артиши режими сионистӣ даъво кардааст, ки низомиёни сионистӣ ба як хона дар ин минтақа зарар расонидаанд ва ин хона нишонае аз як макони динӣ бо худ надоштааст!
Як муассисаи хайрияи католикӣ дар Лубнон эълом кард, ки низомиёни сионистӣ ин дайрро хароб кардаанд.
Дар изҳороти содиршуда аз ин муассиса омадааст: Мо ин амали қасдона дар харобии як ибодатгоҳ ва инчунин харобии системавии хонаҳо дар ҷануби Лубнонро, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз бозгашти сокинони ғайринизомӣ анҷом мешавад, ба сахтӣ маҳкум мекунем.
Пештар низ филме сабз шуда буд, ки нишон медод як сарбози сионистӣ ба ҳайкали Ҳазрати Масеҳ дар яке аз минтақаҳои ҷанубии Лубнон беҳурматӣ мекунад.
Your Comment