Ба гузориши хабарии Абна ба нақл аз Алмаълума, Миқдод ал-Хафаҷӣ намояндаи парлумони Ироқ таъкид кард, ки яке аз сабабҳое, ки ба нерӯҳои амниятӣ иҷозат дода намешавад нақши асосии худро дар ҳимояти кишвар иҷро кунанд, ҳузури низомиёни амрикоӣ ва унсурҳои ҳампаймони онҳо дар Ироқ мебошад.
Вай афзуд: Баъзе аз гарнизонҳо ва пойгоҳҳои Амрико ҳанӯз холӣ нашудаанд ва тарафи амрикоӣ бар фазои ҳавоии Ироқ мусаллат аст.
Ал-Хафаҷӣ тасреҳ кард: Ин таҷовузҳо боиси заиф шудани қобилияти дифоии кишвар шудааст ва дар ниҳоят нерӯҳои амниятӣ наметавонанд худашонро ба системаҳои нави пандафӣ ва зидди дрон муҷаҳҳаз кунанд.
Вай гуфт: Ҳукумати нав бояд тадбирҳои ҷиддӣ барои хотима бахшидан ба ҳузури низомиёни хориҷӣ дар кишвар андешад.
Your Comment