Ин расонаи қатарӣ навишт: «Трамп пас аз нокомӣ дар ҷанг, ҳамзамон ду роҳи зидди якдигарро пайгирӣ кард: аз як тараф таҳдид ба шиддат кардани ҳуҷумҳо, ҳадаф қарор додани инфрасохторҳо ва назорати тангимаи Ҳурмуз, ва аз тарафи дигар кӯшиш барои мубоҳиса тавассути миёнаравии Покистон бо дастгирии баъзе кишварҳои минтақа.»
Ба бовари муаллиф, ҳоло Трамп байни ду нокомӣ гирифтор шудааст. Нокомии якум, идома додани ҷанг ва афзоиши ҳуҷумҳост, ки бе дастоварди низомӣ, хароҷоти дохилӣ ва байналмилалии ИМА-ро бештар мекунад ва эътибори Вашингтонро коҳиш медиҳад. Нокомии дуюм, қабули тавофуқе наздик ба шартҳои Эрон аст, ки ба маънои эътирофи ғайримустақими нокоми ҷанг ва натавонӣ дар амалӣ шудани ҳадади тағйири низоми хоҳад буд. Ҳоло ҳар интихобе ки Трамп анҷом диҳад, рамзи нокоми стратегии ИМА ва Исроил аст ва метавонад ба заиф шудани вазъияти минтақавии Исроил ва тағйири муодилаҳои Ховари Миёна ба зарари Вашингтон оварда расонад.
Your Comment