Дар маркази ин вайроншавӣ, занҷираи таъмини сулфур ва кислотаи сулфатӣ қарор дорад; маводест, ки нақши муҳим дар истихроҷи иқтисодии металлҳо ба монанди никел, кобалт, литий ва мис ироа мекунад. Ин металлҳо сутуни технологияҳои нав, аз ҷумла батареяҳо, инфрасохтори барқӣ ва таҷҳизоти низомӣ мебошанд. Бо банд шудани роҳҳои интиқоли ин мавод аз Осиёи Ғарбӣ, кишварҳое ба монанди Индонезия, Ҷумҳурии Демократии Конго ва Чин, ки ба ин занҷира вобастаанд, бо вайроншавии ҷиддӣ дар истеҳсолот рӯбарӯ шудаанд. Табиати химиявии ин маводҳо имкони иваз кардани зуд ё интиқоли осонро маҳдуд карда, хароҷоти бима ва нақлиётро ба таври экспоненсиалӣ зиёд кардааст.
Дар як ҳампӯшавии қобили таваҷҷӯҳ, ҳамон маводи коние, ки ҳоло дар натиҷаи банд шудани тангимаи Ҳурмуз камёб шудаанд, дар истеҳсолот ва нигоҳдории силоҳи низомӣ нақши калидӣ доранд. Ин воқеат нишон медиҳад, ки ҷанг ҳамзамон ҳам истеъмолкунанда ва ҳам вайронкунандаи занҷираи таъмини худ аст.
Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки Пентагон пеш аз оғози амалиёт, аз ширкатҳои конии дохилӣ дархости зиёд кардани истеҳсоли 13 маводи конии муҳимро пешниҳод карда буд; чизе ки нишонаи пешгӯии ин гулӯгоҳи стратегӣ ба шумор меравад. Бо ин ҳол, чораҳои андешидашуда хеле муваффақ набуданд.
Андозаҳои буҳрон ба соҳаи технологияҳои пешрафта низ кашида шудаанд. Маводҳое ба монанди гелий, бром ва боксит, ки қисми зиёди онҳо дар Осиёи Ғарбӣ истеҳсол мешавад, дар сохтани нимноқилҳо ва кори марказҳои додаҳо нақши муҳим доранд. Маҷмааи саноатии Рас Лифон дар Қатар, ки тақрибан сеяки гелийки ҷаҳонро истеҳсол мекунад, пас аз ҳамлаҳои охирини Эрон аз фаъолият хориҷ шудааст ва пешгӯӣ мешавад, ки барои чанд сол ғайрифаъол монад. Ин тағйирот, мустақиман ба истеҳсоли чипҳо ва самаранокии инфрасохтори коркард таъсир мерасонад.
Ҳамзамон, вобастагии шадиди иқтисодиёти Осиёи Шарқӣ ба энергияи Халиҷи Форс буҳронро шиддат бахшидааст. Кишварҳое ба монанди Тайван ва Кореяи Ҷанубӣ, ки дар маркази истеҳсоли чип қарор доранд, ҳоло бо ду чаллиши ҳамзамон, яъне вайроншавии воридоти гази табиӣ моеъ ва камбуди маводи холиси муҳим рӯбарӯ ҳастанд. Ширкатҳое ба монанди «TSMC», «SK Hynix» ва «Samsung» низ аз ин зарба безарар монда, камшавии арзиши акцияҳоро таҷриба кардаанд.
Your Comment