Агентсии хабарии Абна аз Al-Mayadeen иқтибос оварда хабар дод, ВАО-ҳои ибрӣ гузориш доданд, ки кишвари Руминия мавзӯи бекор кардани шартномаи хариди пӯҳпаҳо аз реҷими сионистри баррасӣ мекунад.
Дар асоси ин гузориш, арзиши шартномаи силоҳии мазкур садҳо миллион доллар аст.
Компанияи Elbit Systems яке аз таъминкунандагони асосии армияи реҷими сионистӣ аст, ки қисми аъзои таҷҳизоти заминӣ ва пӯҳпаҳоро истеҳсол мекунад. Яке аз қароргоҳҳои ин компания низ дар ҳамлаҳои мушакӣ аз Эрон нишона гирифта буд.
Дар ин гузориш омадааст, бекор кардани эҳтимолии ин шартнома дар арафаи фишори амниятӣ ва низмии минтақавӣ ва ҷанги кунунӣ сурат мегирад, зеро муноқишаҳои доимии реҷими сионистӣ иқтидори истеҳсоли низмӣ ва захираҳои силоҳро зери фишор гузошт ва ба иҷрои саривақтии шартномаҳои байналмилалӣ таъсир расонд.
Дар пайи ҷанги кунунӣ дар минтақа ва нотавонии реҷими сионистӣ барои пӯшидани ниёзҳои низмӣ, Руминия мавзӯи бекор кардани шартномаи силоҳии худро бо Tel Aviv баррасӣ мекунад.
Your Comment