Бар гузориши хабаргузории «Абна», «Дмитрий Медведев», муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт: Кишварҳои арабии соҳили Халиҷи Форс ба пойгоҳҳои ИМА иҷозати ҳузур дар замини худро додаанд, ин кишварҳо интизор буданд, ки аз онҳо муҳофизат кунанд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ чунин нест, ИМА танҳо аз онҳо истифода мекунад.
Медведев дар идомаи суханонаш илова кард: ИМА аз кишварҳои соҳили Халиҷи Форс суъистода мекунад, то танҳо аз як ҳукумат (низоми сионистӣ) муҳофизат кунад.
Ин мақоми олии рус дар қисми дигари суханонаш хитоб ба сарони кишварҳои арабӣ таъкид кард: Хуб бификред, ки оё воқеан ба пойгоҳҳои амрикоӣ ниёз доред ё на; инҳо на барои ҳифз, балки барои шумо як таҳдид ҳастанд.
«Дмитрий Медведев», муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки ИМА аз кишварҳои арабии соҳили Халиҷи Форс барои муҳофизат аз низоми сионистӣ суъистода мекунад.
Your Comment