5 Январ 2026 - 10:23
Source: ABNA
Таҳдиди Трамп барои ҳамлаи дувум ба Венесуэла

Раисиҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, дар сурате ки давлати Венесуэла «рафтори муносиб» надошта бошад, Вашингтон иқдоми низомии дигаре алайҳи ин кишвар анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Русия-ал-Явм, Трамп дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар ҳавопаймои раёсатҷумҳурӣ ҳангоми бозгашт аз Флорида ба Вашингтон гуфт: «Агар онҳо дуруст рафтор накунанд, бо ҳамлаи дувум мувоҷеҳ хоҳанд шуд». Вай муддаӣ шуд, ки амалиёти нахусти Амрико дар Венесуэла ба аҳдофи аввалияи худ даст ёфтааст.

Трамп таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир ниёзе ба ҳамлаи дувум намебинад, аммо ҳушдор дод, дар сурати адами ризояти Вашингтон аз раванди умур, ин иқдом иҷтинобнопазир хоҳад буд. Вай дар посух ба пурсише дар бораи ин ки чӣ касе акнун Венесуэларо идора мекунад, гуфт: «Мо бо касоне кор мекунем, ки савганди қонунӣ ёд кардаанд. Напурсед чӣ касе кишварро идора мекунад, чун посухи ман бисёр ҷанҷолӣ хоҳад буд». Трамп сипас афзуд: «Ин яъне мо идора мекунем».

Раисиҷумҳури Амрико ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти ахири худ дар бораи Делси Родригес, муовини раисиҷумҳури Венесуэла, гуфт: «Ӯ мумкин аст бо вазъияте бадтар аз Мадуро рӯбарӯ шавад, зеро Мадуро билофосила таслим шуд». Трамп тасреҳ кард, ки ҳадафи Вашингтон танҳо тағйири низом дар Венесуэла нест, балки Амрико қасд дорад ин кишварро «ислоҳ ва идора» кунад.

Вай бо ишора ба манобеи нафтии Венесуэла гуфт: «Ин кишвар дар минтақаи мо қарор дорад ва бояд манобеи он озодона ҷараён дошта бошад. Мо Венесуэларо идора ва ислоҳ хоҳем кард». Трамп ҳамчунин ваъда дод, ки интихобот дар ин кишвар «дар замони муносиб» баргузор хоҳад шуд. Вай афзуд, ки ширкатҳои нафтии амрикоӣ ба зудӣ фаъолияти худро дар ин кишвар аз сар мегиранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha