Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз "Ал-Ҷазира", як модари фаластинӣ ва фарзандаш бар асари оташсӯзӣ дар дохили хаймаи маҳалли сукунати худ дар маҳаллаи "Ад-Дараҷ" дар маркази шаҳри Ғазза ҷон бохтанд ва як нафари дигар захмӣ шуд.
Бино бар ин гузориш, ин ҳодиса дар шароите рух дод, ки муҳосираи Ғазза тавассути режими Исроил ҳамчунон идома дорад ва вуруди кумакҳои кофӣ ба минтақа мамнуъ шудааст. Дар ҳодисаи ҷудогона, духтари хурдсол бо номи "Малак Ромӣ Ғаним", ки ҳамроҳи хонаводааш дар хаймаи оворагон дар урдугоҳи "Ан-Насирот" зиндагӣ мекард, ба далели сармои шадид ҷони худро аз даст дод.
Ин ҳаводис дар шароити бисёр душвори инсонӣ рух медиҳад; чаро ки садҳо ҳазор фаластинӣ дар хаймаҳое зиндагӣ мекунанд, ки фоқиди имконоти эминӣ ва паноҳгоҳи муносиб аст. Истифода аз васоили ибтидоӣ барои гармоиш ва набуди барқ, хатари оташсӯзиро афзоиш додааст.
Your Comment