2 Январ 2026 - 16:14
Source: ABNA
Шӯрои риёсатии Яман «Шӯрои интиқолӣ»-ро ба парҳез аз ташдиди танишҳо фаро хонд

Узви Шӯрои риёсатии вобаста ба давлати худхондаи Яман (таҳти ҳимояти Арабистони Саудӣ), рӯзи панҷшанбе Шӯрои интиқолии ҷануб (вобаста ба Иморот)-ро ба парҳез аз суқ додани авзоъ ба самти печидагӣ ва таниши бештар фаро хонд.

Ба гузориши хабаргузории ABNA ба нақл аз рӯзномаи "Рай Ал-Явм", Абдуллоҳ Ал-Улимӣ ин паёмро соате пас аз он мунташир кард, ки телевизиони расмии Яман эълон кард, ки нерӯҳои Шӯрои интиқолӣ фурудгоҳи "Ал-Райён" дар Ҳазрамавтро мавриди юриш қарор дода ва муҳтавиёти онро ғорат кардаанд.

Ал-Улимӣ гуфт: «Бо оғози соли нав, таъкид мекунем, ки ҳамчунон фурсати бозгашт ба садои ақлу ҳикмат вуҷуд дорад ва ин амр бояд бо ақибнишинии воқеӣ аз Ҳазрамавт ва Ал-Маҳра оғоз шавад.» Вай ҳушдор дод, ки "кушодани ҷабҳаи тозае аз даргирӣ дар кишвар, бетардид бар вазъияти иқтисодӣ ва маишатӣ таъсир хоҳад гузошт ва ранҷҳои мардумро дучанд хоҳад кард."

Гурӯҳи мавсум ба Шӯрои интиқолии ҷануби Яман эълон кардааст, ки аз устонҳои Ҳазрамавт ва Ал-Маҳра ақибнишинӣ намекунад ва ба тозагӣ таҷҳизоти низомии густарда ба ин манотиқ фиристодааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha