Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз Мао, нахуствазири Қибриси Шимолӣ таъкид кард, ки кобинаи режими саҳюнистӣ сиёсатҳои хасмонаеро пеш гирифта ва арзишҳои инсониро дар минтақа зер по мегузорад.
Дар баёнияи дафтари нахуствазири Қибриси Шимолӣ омадааст, ки режими саҳюнистӣ қасд дорад ин танишҳо ва даргириҳоро ба шарқи Баҳри Миёназамин интиқол диҳад. Қибрис, Юнон ва режими саҳюнистӣ ба ҷои тақвияти сулҳ, ба дунболи афзоиши таниш ва дастабандиҳои низомӣ ҳастанд. Қибриси Ҷанубӣ аз як сӯ вонамуд мекунад, ки ба дунболи ҳалли масъалаи Қибрис аст ва аз сӯи дигар барои ташкили эътилофҳои низомӣ алайҳи Туркия вориди амал мешавад; ин дурӯягӣ ҳалли масъалаи Қибрисро маҳол мекунад.
Бенямин Нетаняҳу ба тозагӣ бо нахуствазири Юнон ва раиси ҷумҳури Қибрис дар Қудси ишғолӣ нишаст баргузор кард ва бар тақвияти ҳамкориҳои амниятӣ таъкид намуд. Нетаняҳу мудаӣ шуд, ки бо истифода аз қудрат, сулҳу суботро муҳаққақ хоҳанд кард. Вай афзуд: "Ба касоне, ки таваҳҳуми таҳаққуқи дубораи императориҳояшонро доранд мегӯям, ки ин масъала ҳаргиз рух нахоҳад дод" (манзури ӯ Туркия буд).
Рӯзномаи "Едиот Аҳронот" гузориш дод, ки Тел-Авив, Юнон ва Қибрис барои ташкили нерӯи вокуниши сареъи муштарак иборат аз 2500 нерӯ дар шарқи Баҳри Миёназамин бо ҳадафи муқобила бо Туркия барномарезӣ мекунанд.
Your Comment