17 Декабр 2025 - 13:49
Source: ABNA
Таҳаррукоти Исроил дар Яман тавассути муздурони Иморот

Як фаъоли сиёсии яманӣ нисбат ба таҳаррукоти режими саҳюнистӣ дар ин кишвар тавассути бозуи иморотии худ барои таҳаққуқи манофеаш ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз "Ал-Маълума", Ориф Мусанно Ал-Омирӣ, фаъоли сиёсӣ дар ҷануби Яман эълон кард, ки таҳаввулоти ҷорӣ дар ин кишвар дар чаҳорчӯби лоиҳаи минтақавӣ ва байналмилалӣ барои бозсозии нуфузи тарафҳои хориҷӣ сурат мегирад.

Вай илова кард: "Тарафи саудӣ ба тааҳҳудоти собиқи худ пойбанд набуда ва он чизе ки имрӯз дар Яман рух медиҳад, талош барои таҳмили муодилаҳои ҷадид барои иҷрои нақшаҳои тавсеаталабона, бавижа барои густариши нуфузи Исроил дар минтақа ба шумор меравад."

Ал-Омирӣ баён кард: "Наметавон ҳузури Иморотро дар Яман аз иҷрои нақшаҳои хориҷии вобаста ба Исроил ҷудо донист. Исроил аз унсурҳои Шӯрои интиқолии ҷануби Яман, ки муздурони Иморот маҳсуб мешаванд, ҳимоят мекунад, то Яманро заиф карда ва суботи онро ҳадаф қарор диҳад."

Вай тасреҳ кард, ки Яман ба саҳнаи даргирии тарафҳои байналмилалӣ табдил шудааст. Лозим ба зикр аст, ки минтақаҳои шарқӣ ва ҷанубии Яман тайи рӯзҳои гузашта шоҳиди даргирӣ миёни муздурони Арабистон ва Иморот будааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha