17 Декабр 2025 - 13:49
Source: ABNA
Трамп: «Ман ҳамеша дӯст ва қаҳрамони яҳудиён хоҳам монд»

Доналд Трамп Конгресси Амрикоро «яҳудиситез» хонд ва гуфт: «Ман ҳамеша дӯст ва қаҳрамони яҳудиён хоҳам монд».

Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии «Таймз оф Израил», Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар маросими ҷашни Ханука дар Кохи Сафед ба меҳмонон гуфт: «Конгресси Амрико дар ҳоли яҳудиситез шудан аст, зеро лоббии яҳудиён дигар қавитарин лоббӣ дар Вашингтон ба шумор намеравад».

Трамп гуфт: «Падарам ҳамеша ба ман мегуфт, ки қавитарин лоббӣ дар ин кишвар лоббии яҳудиён ва лоббии Исроил аст, аммо дигар ин тавр нест. Ман ҳамеша дӯст ва қаҳрамони қавми яҳуд хоҳам монд».

Марк Левин, барандаи маросими Ханука дар Кохи Сафед, Трампро «нахустин раиси ҷумҳури яҳудии Амрико» хонд.

Трамп дар идома аз Мириам Аделсон, сарватманди саҳюнист ва аз бузургтарин ҳомиёни молии ҳизби ҷумҳурихоҳ хост, ки суханронӣ кунад ва бо лаҳни шӯхиомез гуфт, ки ин корро зуд анҷом диҳад, зеро 250 миллион доллар дигар қудрати хариди гузаштаро надорад!

Аделсон низ ба ҳозирон гуфт, ки бо Алан Дершовитз, ҳуқуқдони шинохта гуфтугӯ карда ва ӯ ба вай гуфтааст, ки номзадии Трамп барои давраи сеюми раёсати ҷумҳурӣ аз назари қонунӣ имконпазир аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha