Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, «Абдуллоҳ Сафиуддин», намояндаи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар Эрон, бо «Алӣ Акбар Вилоятӣ», мушовири Мақоми муаззами раҳбарӣ дар умури байналмилал, дидор кард ва тарафайн дар мавриди таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ карданд.
Алӣ Акбар Вилоятӣ дар дидор бо Абдуллоҳ Сафиуддин таъкид кард: Эрон, таҳти раҳбарӣ ва авомири Мақоми муаззами раҳбарӣ, қатъан ба ҳимоят аз Ҳизбуллоҳ, ки ба унвони як маҷмӯаи арзишманд ва фидокор дар саффи аввали муқовимат истодааст, идома хоҳад дод.
Вилоятӣ афзуд: Ҳизбуллоҳ яке аз муҳимтарин аркони Ҷабҳаи муқовимат аст ва нақши асосӣ дар муқобила бо саҳюнизм ифо мекунад.
Сафиуддин ҳам дар ин дидор гуфт: Ҳизбуллоҳ имрӯз қавитар аз ҳамеша аст ва омодаи дифоъ аз ваҳдати сарзамини Лубнон ва мардуми он аст ва таҳти ҳеҷ шароите силоҳи худро ба замин нахоҳад гузошт.
Вай бо ишора ба нақзи мукаррари оташбас аз сӯи режими саҳюнистӣ, хотирнишон кард: Режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнаш бояд бидонанд, ки Ҳизбуллоҳ ҳар замон, ки тасмим бигирад, қатъан ба таҷовузот посух хоҳад дод.
Намояндаи Ҳизбуллоҳ ҳамчунин аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба хусус Мақоми муаззами раҳбарӣ аз муқовимати Лубнон қадрдонӣ ва таъкид кард, ки ин ҳимоятҳо муҷиб шуд, ки барои нахустин бор режими саҳюнистӣ ба риояти оташбасе мутааҳҳид шавад, ки бо таъйиди Созмони Милал ҳамроҳ буд ва дар ниҳоят ба тасбити марзҳои ҷанубии Лубнон бо Фаластини ишғолӣ анҷомид.
Your Comment