Ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз "Ал-Маълума", як манбаи амниятӣ дар устони Ал-Анбор эълон кард, ки нерӯҳои Ҳашд-уш-Шаъбӣ ба сурати густурда дар наздикии марзи муштарак бо Сурия, воқеъ дар ғарби ин устон мустақар шудаанд. Ин иқдом бо ҳадафи пешгирӣ аз нуфузи унсурҳои ДИИШ ба дохили Ироқ дар сояи шароити номусоиди обу ҳаво сурат мегирад.
Вай илова кард, ки нерӯҳои Ҳашд-уш-Шаъбӣ ба таври мушаххас дар минтақаҳои биёбонии наздик ба марзи Сурия ҷойгир шудаанд, зеро иттилооте дар бораи нияти унсурҳои ДИИШ барои ворид шудан ба минтақаҳои ғарбии Ал-Анбор дарёфт кардаанд.
Дурӯз гузашта расонаҳои ироқӣ аз боздошти яке аз хатарноктарин саркардаҳои ДИИШ дар ин кишвар хабар доданд.
Your Comment