Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи телевизионии Си-эн-эн, артиши Амрико нахустин эскадрони парвози бесарнишини таҳоҷумии худро дар Осиёи Ғарбӣ ташкил дод, ки аз парвозҳои бесарнишине истифода мекунад, ки тарроҳӣ ва технологияи онҳо мустақиман аз Эрон гирифта шудааст.
Бар асоси эъломи ин расона, ин эскадрон таҳти контроли як гурӯҳи вижа аст, ки чанд моҳ пеш тавассути Фармондеҳии нерӯҳои террористии Амрико дар минтақа (СЕНТКОМ) ташкил шуд ва бо номи гурӯҳи вижаи «Ҳамлаи Ақраб» номгузорӣ гардид.
Эскадрони мазкур аз парвозҳои бесарнишине ба номи Низоми таҳоҷумии бесарнишини камхарҷ ё парвозҳои бесарнишини «ЛУКАС» (LUCAS) истифода мекунад.
Як мақоми низомии Амрико гуфт: «Парвозҳои бесарнишини ЛУКАС пас аз муҳандисии баръакси парвози бесарнишини Шоҳид-и Эрон сохта шуданд.»
Дар баёнияи матбуотии Фармондеҳии нерӯҳои террористии Амрико дар минтақа (СЕНТКОМ) омадааст: «Парвозҳои бесарнишини «ЛУКАС», ки тавассути СЕНТКОМ мустақар шудаанд, бурди васеъ доранд ва барои амалиёти худгардон тарроҳӣ шудаанд. Онҳоро метавон бо механизмҳои мухталифе аз ҷумла манҷаниқ, парвози бо кӯмаки мушак ва низомҳои заминӣ ва воситаҳои нақлиётии мутаҳаррик партоб кард.»
Your Comment