Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маядин, Исҳоқ Ҳертзог, раиси режими саҳюнистӣ, дар посух ба дархости Бинямин Нетаняҳу, нахуствазири ин режим, барои иҷозаи афв ба вай, бо таъкид бар ин ки иқдоми Нетаняҳу, бисёреро нигарон кардааст; иддао кард, ки дар ин тасмимгирӣ «танҳо манофеи Исроил ва исроилиён»-ро дар назар хоҳад гирифт.
Ҳертзог дар баёнияе, ки аз дафтараш содир шуд, афзуд, ки «гуфтумони хушунатомез» ӯро аз тасмимаш мунсариф нахоҳад кард ва дархости афв бо даққат ва вузӯҳ баррасӣ хоҳад шуд.
Рӯзномаи саҳюнистии «Исроил Ҳайом» дар ин робита ба дархости афви Нетаняҳу пардохт ва афзуд, ки Нетаняҳу дар зоҳир аз Ҳертзог мехоҳад, ки «бар асоси манофеи умумӣ» ба ӯ афв эътоъ кунад, аммо дар амал муомилаеро пешниҳод мекунад, ки ба мӯҷиби он ислоҳоти қазоӣ дар ивази афв лағв мешавад.
Нетаняҳу дар ин дархост ваъда додааст, ки афв, ӯро қодир месозад то барои иттиҳоди саҳюнистҳо ва ҳатто расидагӣ ба масоили дигар монанди системи қазоӣ ва расонаҳо кор кунад.
Ин рӯзнома муътақид аст, ки Нетаняҳу, бо ишора ба бозгашт ба расидагӣ ба масоили изофӣ, амалан пешниҳод мекунад, ки аз ислоҳоти қазоӣ мунсариф шавад.
Your Comment