4 Декабр 2025 - 13:28
Source: ABNA
Axios: Амрико аз саргирии ҷанг тавассути Исроил дар Лубнонро мунтафӣ медонад

Як расонаи амрикоӣ фош кард, ки Амрико аз саргирии даргирӣ аз сӯи режими Исроил дар Лубнон дар ҳафтаҳои пешорӯйро мунтафӣ медонад.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи «Ал-Ҷазира», пойгоҳи хабарии Axios-и Амрико ба нақл аз чанд мақом ва манбаъ, ки онҳоро огоҳ хонд, эълом кард, ки Вошингтон умедвор аст нишасти «Ан-Нақура» миёни намояндагони режими Исроил ва Лубнон ба коҳиши танишҳо дар марзҳои ду тараф кумак кунад.

Бар асоси ин гузориш, як мақоми амрикоӣ иддао карда, ки давлати Трамп бар ин бовар аст, ки террори фармондеҳи низомии Ҳизбуллоҳ, фазои манёври сиёсии бештаре барои Исроил эҷод карда ва ҳамчунин муҷиби ба таъхир афтодани як амалиёти густурдаи ин режим дар Лубнон шудааст.

Ба гуфтаи ин мақом, давлати Трамп эҳтимоли аз саргирии ҷанг аз сӯи режими Исроил дар ҳафтаҳои ояндаро мунтафӣ медонад.

Ҳамчунин як манбаи огоҳи дигар ба Axios гуфтааст, ки Морган Ортагус, фиристодаи вижаи Амрико ҳамроҳ бо дипломатҳои саҳюнистӣ ва лубнонӣ ҷаласае дар Ан-Нақура баргузор карданд, ки бахши аслии он бар ошноии аввалияи тарафайн мутамарказ будааст.

Ин манбаъ афзудааст, ки муҳимтарин мавзӯъ дар ин нишаст, ҳамкории иқтисодӣ ба вижа дар заминаи бозсозии ҷануби Лубнон будааст.

Як мақоми амрикоии дигар низ дар гуфтугӯ бо Axios эълом карда, ки тарҳи Вошингтон шомили эҷоди «Минтақаи иқтисодии Трамп» дар тӯли марзи Лубнон ва Исроил ва холӣ аз ҳузури Ҳизбуллоҳ аст.

Ба гуфтаи манбаи огоҳи дигар дар ин бора ба Axios гуфтааст, ки ду тараф тавофуқ кардаанд, пеш аз оғози соли нав нишасти дигаре баргузор карда ва пешниҳодҳои иқтисодӣ барои эътимодсозии мутақобил ироа диҳанд.

Як мақоми амрикоӣ низ таъкид карда, ки ҳамаи тарафҳо муттафиқанд, ки халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ ҳамчунон ҳадафи аслӣ бошад ва артишҳои сегона (Лубнон, Амрико ва Исроил) ба ин кор [халъи силоҳи Ҳизбуллоҳ] дар чаҳорчӯби созукори таваққуфи даргирӣ идома хоҳанд дод.

Your Comment

You are replying to: .
captcha