1 Декабр 2025 - 14:27
Source: ABNA
Ҳамлаҳои ҷадиди артиши режими саҳюнистӣ дар ду минтақаи ҷануби Сурия

Артиши режими саҳюнистӣ ду амалиёти низомии ҷадид дар минтақаи Қунайтраи Сурия анҷом дода ва иқдом ба эҷоди як посгоҳи бозрасии низомии ҷадид дар ин минтақа кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маёдин, ду патрулӣ (гаштӣ) мутааллиқ ба артиши ишғолгари режими саҳюнистӣ имрӯз, душанбе, бо нуфуз ба ҳавмаи Қунайтра дар ҷануби Сурия амалиётҳоеро дар ин минтақа анҷом дода, ҳакимияти Сурияро нақз карданд.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, яке аз патрулиҳои саҳюнистӣ вориди ҷодаи Ҷубото – Айнул-Байзо дар ҳавмаи шимолии Қунайтра шуд ва дар он ҷо як посгоҳи бозрасии низомӣ эҷод кард. Ҳамчунин рустои Саидотул-Ҳонут дар ҳавмаи ҷанубии Қунайтра шоҳиди амалиёти мушобеҳе аз сӯи артиши Исроил буд.

Чанд рӯз пеш, гурӯҳе аз ҷавонони сурӣ бо нерӯҳои исроилӣ, ки қасди нуфуз ба Байт Ҷин дар ҳавмаи ғарбии Димишқ, дар ҷануби Сурияро доштанд, муқобила карда ва бо он даргир шуданд, ки мунҷар ба шаҳодати 20 шаҳрванди сурӣ, аз ҷумла кӯдакон ва занон ва захмӣ шудани ҳадди ақал 13 сарбози исроилӣ шуд.

Режими саҳюнистӣ аз замони ба сари қудрат омадани режими Ҷавлонӣ дар Сурия, манотиқи васеъеро дар ҷануби Сурия ишғол карда ва дар ҳоле ба таҷовузоти рӯзонаи худ ба Сурия идома медиҳад, ки режими Ҷавлонӣ на танҳо ҳеҷ таҳарруки ҷиддӣ барои муқобила бо ин ҳамлаҳо аз худ нишон намедиҳад, балки дар пайи раванди одисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha