22 Ноябр 2025 - 19:45
Source: ABNA
Африқои Ҷанубӣ: Ғайбати Амрико ҳеҷ таъсире бар нишасти гурӯҳи 20 надорад

Як манбаъ дар давлати Африқои Ҷанубӣ ба адами мушорикати Амрико дар нишасти гурӯҳи 20 вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз «Новостӣ», як манбаъ дар давлати Африқои Ҷанубӣ таъкид кард, ки ғайбати Амрико дар нишасти гурӯҳи 20 дар Йӯҳаннесбург ҳаргиз ҳеҷ таъсире бар ин нишаст нахоҳад гузошт.

Лозим ба зикр аст, ки иҷлоси сарони гурӯҳи 20, имрӯз шанбе дар Йӯҳаннесбурги Африқои Ҷанубӣ оғоз шуд; ин аввалин иҷлоси гурӯҳи 20 дар қораи Африқо аст.

Иҷлоси имсола бо ихтилофоти Вошингтон ва Иттиҳодияи Урупо бар сари ояндаи Укроин ва ҳамчунин банбаст дар музокироти обуҳавоӣ дар Бразилия ҳамроҳ аст.

Дар ин нишаст, раҳбарони ҷаҳон аз ҷумла Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, Нарендра Модӣ, нахуствазири Ҳинд, Лӣ Чӣёнг, нахуствазири Чин, Луло да Силва, раисиҷумҳури Бразилия ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия ҳузур доранд.

Бо ин ҳол, давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, эълом карда, ки авлавиятҳои Африқои Ҷанубӣ дар заминаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқдомоти иқлимӣ бо сиёсатҳои Амрико ҳамсӯ нест ва раисиҷумҳури ин кишвар аз ҳузур дар иҷлос худдорӣ кардааст.

Гурӯҳи 20 шомили 19 кишвари узв ба иловаи Иттиҳодияи Урупо аст. Иттиҳодияи Африқо ба унвони меҳмон ва нозир дар бархе иҷлосҳои ин гурӯҳ, ҳузур дорад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha