Ба гузориши хабаргузории Абно, рӯзномаи инглисии «Гардиан» дар гузорише ба нақл аз манбаъҳои Амрикоӣ гузориш дод, ки як гурӯҳ аз генералҳои артиши Иёлоти Муттаҳида, эҳтимолан то поёни ин ҳафта барои гуфтугӯ дар бораи тарҳи сулҳи Вошингтон барои Укроин, роҳӣ Маскав хоҳанд шуд.
Бар асоси ин гузориш, 20 ноябр, ҳайате Амрикоӣ ба раёсати «Дониэл Дрисколл», вазири артиши Амрико, дар Киев тарҳи сулҳи давлати Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ба Володимир Зеленский, раисиҷумҳури Укроин, ироа карда буд.
Як рӯз баъд низ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар нишасти Шӯрои амнияти ин кишвар эълом кард, ки Маскав омодаи музокира аст ва тарҳи 28 модагии Амрико метавонад пояе барои ҳаллуфасли бӯҳрон бошад.
Бар асоси гузориши рӯзномаи инглисии «Файнэншл Таймз», тарҳи сулҳи Амрико, мусталази додани имтиёзҳои қобили таваҷҷӯҳ аз сӯи Киев аст.
«Ройтерз» низ навишт: "Давлати Амрико аз Укроин хоста ин тарҳро то 27 ноябр имзо кунад, дар ғайри ин сурат ирсоли таслиҳот ва ҳамкории иттилоотӣ мутаваққиф хоҳад шуд."
Your Comment