22 Ноябр 2025 - 19:44
Source: ABNA
Ванс умеди Урупоро ба пирӯзии Укроин хаёлӣ донист

Муовини раисиҷумҳури Амрико, умеди Иттиҳодияи Урупоро ба пирӯзии Укроин дар ҷанг бо Русия хаёлпардозона арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Ҷей Ди Ванс, муовини раисиҷумҳури Амрико, тайи паёме дар шабакаи Икс навишт: "Идеяи афзоиши кумакҳои низомӣ ба Укроин ва ташдиди таҳримҳо алайҳи Русия барои пирӯзии Киев дар даргириҳо, сарфи назар як «хаёлпардозӣ» аст."

Вай афзуд: "Ин тасаввур вуҷуд дорад, ки агар фақат пули бештар диҳем; силоҳҳои бештар ирсол кунем ё таҳримҳоро шадидтар кунем, пирӯзӣ наздик аст. Сулҳ тавассути дипломатҳо ё сиёсатмадороне, ки дар дунёи хаёл зиндагӣ мекунанд, ба даст намеояд, балки тавассути афроди боҳуш ва воқеъгаро муҳаққақ мешавад."

Ин мақоми амрикоӣ, мунтақидони тарҳи Амрико барои сулҳ дар Укроинро афроде донист, ки ё аз тарҳ, иттилоъи кофӣ надоранд ва ё ин ки воқеиятҳои майдониро намефаҳманд.

Ванс таъкид кард, ки ҳар пешниҳоде барои ҳалли муноқиша, бояд барои Русия ва Укроин ба унвони ду тарафи даргир, қобили қабул бошад ва ҳадафи он, ба ҳадди ақал расонидани эҳтимоли аз саргирии даргириҳо бошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha