22 Ноябр 2025 - 19:43
Source: ABNA
Тағйири номи тими вобаста ба режими сионистӣ, таҳти фишори тарафдорони Фаластин

Як тими дучархасаворӣ, ки вобаста ба режими сионистӣ буд, таҳти фишори тарафдорони Фаластин, номи худро тағйир дод.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Франса (AFP), тими дучархасавории «Исроил Примеер Тек», ки дар фасли ҷории мусобиқоти ҷодаӣ бо эътирозҳои тарафдорони Фаластин мувоҷеҳ шуда буд, дар баёнияе эълом кард, ки номи худро ба «Эн-Эс-Эн» (NSN - Ҳаргиз нагӯ ҳаргиз) тағйир медиҳад.

Бар асоси ин баёния, бренди NSN барои ин тим, дар Суис сабт мешавад ва ҳафтаи ҷорӣ, урдуи тамринӣ баргузор ва барномаи мусобиқоти худро бо бренди ҷадид, дар ҳафтаҳои оянда, аз Барселона ва Хирона дар Испания идома хоҳад дод.

Қаблан, ширкати канадагии «Примеер Тек» бо эъломи қатъи ҳимояти молии худ аз ин тими дучархасавории вобаста ба режими сионистӣ, аз ин режим эъломи бароат кард.

Ширкати канадагии «Примеер Тек» эълом кард, ки ба дунболи эътирозоти густарда алайҳи ҳузури тими дучархасавории «Исроил Примеер Тек» дар мусобиқоти мухталиф дар миёнаи ҷанги Ғазза, ҳимояти молии худ аз ин тимро қатъ мекунад.

Дар моҳҳои ахир, дар масири чанд мусобиқаи бузурги байналмилалӣ, тими дучархасавории «Исроил Примеер Тек» тавассути муътаризон ба наслкушии режими сионистӣ дар Ғазза, ҳадаф қарор гирифта буд. Марҳилаҳои мухталифи тури «Вуэлтаи Испания» дар моҳҳои август ва сентябр бо эътирозот ва парчамгардонии фаъолони тарафдори Фаластин мухтал шуд.

Ҳамчунин дар ҷараёни ду тури муҳими дигар дар Итолиё ва Фаронса низ эътирозоти парокандае алайҳи ин тим сурат гирифт.

Бренди Примеер Теки Канада пас аз поёни тури Испания, аз тим хоста буд номи «Исроил»-ро аз ҳувият ва бренди худ ҳазф кунад ва тим низ бо фосила гирифтан аз ҳувияти исроилӣ мувофиқат карда буд, аммо ин тасмим, барои оромсозии авзоъ кофӣ набуд ва ширкати канадагӣ рӯзи ҷумъа эълом кард, ки ба таври комил, ҳимояти молии худ аз ин тимро қатъ мекунад.

Дар баёнияи ширкати Примеер Тек омадааст: Пас аз гуфтугӯҳои мутааддид бо тим ва баррасии дақиқи шароит, Примеер Тек тасмим гирифтааст, ки аз ҳамин лаҳза, аз унвони ҳомии тими Исроил канор биравад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha