Ба гузориши хабаргузории Абно, Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, гуфт: "Мо ба Эрон ҳамла кардем ва дасти мо ҳанӯз барои ҳамлаҳои бештар боз аст."
Вай дар идома иддао кард: "Дар ду соли гузашта аз ҳама тараф ба меҳвари Эрон зарба задаем ва ҳанӯз кори мо тамом нашудааст, иқдомоти бештаре лозим аст."
Нахуствазири ҷангталаби режими саҳюнистӣ изҳор дошт: "Исроил мусаммим аст, ки ҷангро дар тамоми ҷабҳаҳо идома диҳад."
Нетаняҳу дар мавриди тасвиби қатъномаи пешниҳодии Амрико дар мавриди вазъияти навори Ғазза тавассути Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид изҳори назар кард ва таъкид намуд, ки Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, талоши қобили таваҷҷуҳе дар ин замина анҷом додааст.
Вай дар идома хостори халъи силоҳи Ҳамос ва поёни ҳузури он дар навори Ғазза шуд ва иддао кард: "Мо дасти сулҳи худро ба сӯи ҳамсоягони худ, ки моил ба оддисозии (нормализатсияи) равобит бо мо ҳастанд, дароз мекунем ва аз онҳо даъват менамоем то дар ихроҷи Ҳамос ва ҳомиёнаш аз минтақа ба мо бипайванданд."
Your Comment