17 Ноябр 2025 - 20:26
Source: ABNA
Исломӣ: Таҷовуз ба таъсисоти ҳастаии Эрон рӯйдоде бесобиқа дар таърих буд/ Исроил таҳдиди субот дар Ғарби Осиё

Раиси Созмони энержии атомии Эрон таъкид кард, ҳадаф қарор додани таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон ҷинояте ошкор алайҳи иродаи миллате аст, ки бо вуҷуди тамоми таҳдидҳо ва фишорҳо бар доштани дониши сулҳомези ҳастаӣ пофишорӣ мекунад.

Муҳаммади Исломӣ, раиси Созмони энержии атомии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи Алмасира гуфт, ки таҷовуз ба таъсисоти сулҳомези ҳастаии Эрон дар таърихи ҳадафи қарор додани тавони илмии кишварҳо бесобиқа буд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Исломӣ афзуд: Моҳияти ҳамлаву замонбандии он нишон медиҳад, ки Амрико ва муттаҳидонаш вориди марҳалаи ҷадиде аз ташдиди хатарноки таниш дар чорчӯби ҷанг алайҳи пешрафтҳои илмии Эрон шудаанд.

Исроил таҳдиди субот дар Ғарби Осиё

Ҳамзамон бо афзоиши мавҷи интиқодҳову эътирозҳои донишҷӯӣ алайҳи режими саҳюнистӣ дар донишгоҳҳои ғарбӣ, иттиҳодияи Оксфорд ба унвони яке аз қадимитарин анҷуманҳои донишҷӯии Англия дар раъйгирии поёнии як нишасти ҷанҷолӣ, Исроилро бар асоси раъйи аксарияти аъзо таҳдиди нахуст барои суботи минтақаи Ғарби Осиё муаррифӣ кард. Дар ин раъйгирӣ 265 нафар дар муқобили 113 нафар ба тарҳе раъй доданд, ки дар он Исроил таҳдиде бузург барои суботи минтақаи Ғарби Осиё муаррифӣ шуд.

Ҳамос аз мухолифати қотеи гуруҳҳои фаластинӣ бо қатъномаи пешниҳодии Амрико хабар дод

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) дар баёнияе аз судури ёддоште аз сӯи гуруҳҳо ва неруҳои фаластинӣ дар хусуси пешнависи қатъномаи Амрико дар Шӯрои Амнияти Созмони Милал хабар доду таъкид кард, ки онҳо дар ин ёддошт ба сурати қотеъ мухолифати худро бо қатъномаи пешниҳодии Амрико эълом кардаанд.

Мадуро хитоб ба Амрико: Аввал худро наҷот диҳед

Николас Мадуро, раиси ҷумҳурии Венесуэла дар ҷараёни як суханронии умумӣ эълом кард: Иёлоти Муттаҳида орзӯи ҳукумат бар ҷаҳонро дорад, аммо ҳеҷ кас ба 40 миллион амрикоии бехонумон аҳамият намедиҳад. Ҳеҷ кас ба миллионҳо амрикоӣ, ки рӯзона ғизои кофӣ барои хӯрдан надоранд, аҳамият намедиҳад. Ҳеҷ кас ба миллионҳо амрикоӣ, ки фарзандонашон ба омӯзиш дастрасӣ надоранд, аҳамият намедиҳад.

Вай ҳамчунин ба вазъияти вахими беш аз 35 миллион шаҳрванди Амрико, ки бо мушкилоти эътиёд ба маводи мухаддир мувоҷеҳ ҳастанд, ишора кард. Раиси ҷумҳурии Венесуэла аз қасди Амрико барои “наҷоти ҷаҳон” бо силаҳҳояш интиқод кард ва дар паёмеи қотеъ гуфт: “Аввал худатонро дар Иёлоти Муттаҳида наҷот диҳед”

Рӯҳияи артиши Украина дар поинтарин сатҳ аз оғози ҷанг

Рӯзномаи англисии “Телеграф” дар гузорише ба пирӯзии эҳтимолии артиши Русия дар шаҳри роҳбурдии Покровск ишора карду навишт: Дар ҳоли ҳозир рӯҳияи артиши Украина дар поинтарин сатҳи худ аз замони оғози амалиёти вижаи низомӣ аст.

“Телеграф” дар ин гузориш бо баёни ин ки пас аз ҳудуди 17 моҳ набарди фарсоишӣ Русия дар остонаи озодсозии шаҳри Покровск, дар минтақаи Донетски Украина қарор дорад, афзуд: Аз даст додани ин шаҳр метавонад зарбае ҷиддӣ ба рӯҳияву ваҳдати украиниҳо дар авҷи ҷанг ворид кунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha