17 Ноябр 2025 - 20:25
Source: ABNA
Чаро раъйдиҳандагони ғарбӣ дигар ба демократия эътимод надоранд?

Ширкати “Ipsos” гузориш додааст, ки ноумедӣ аз сиёсати интихоботӣ ва нигаронӣ нисбат ба оянда, дидгоҳи ғолиби раъйдиҳандагон дар 9 кишвар дар бораи демократия аст.

“Politico” ба тозагӣ дар матлабе навишт: Раъйдиҳандагон дар саросари ҷаҳони Ғарб нисбат ба таҳдидҳои пеширӯи демократия нигаронанд ва бим доранд, ки аҳзоби ифротӣ, ахбори ҷаъливу фасод раванди интихоботро тазъиф кунанд. Ба гузориши “Порс-Тудей”, “Ипсус” дар як назарсанҷӣ беш аз 9800 раъйдиҳанда дар Британия, Фаронса, Иёлоти Муттаҳида, Испания, Италия, Шветсия, Хорватия, Ҳоланду Полшаро байни 12 то 29 сентябр мавриди пурсиш қарор дод, ки натоиҷ нишон медиҳад, ба таври миёнгин 45 дарсади посухдиҳандагон дар ин 9 кишвар аз наҳваи амалкарди демократия норозӣ буданд.

Раъйдиҳандагоне ки худро мутааллиқ ба тийфҳои сиёсии ифротӣ — чӣ чапу чӣ рост, муаррифӣ кардаанд, беш аз дигарон муътақид буданд, ки демократия шикаст хӯрдааст.

Дар Фаронса ва Ҳоланд сатҳи ризоят тайи соли гузашта ба далели буҳронҳои сиёсӣ коҳиш ёфтааст. Давлати Фаронса борҳо дар пайи буҳрони буҷети миллӣ фурӯ пошидаву эътилофи Ҳоланд низ авоили имсол аз ҳам пошиду интихоботи ҷадиде дар октябр баргузор шуд.

Дар ҳеҷ як аз 9 кишвари мавриди баррасӣ, аксарияти раъйдиҳандагон бовар надоштанд, ки давлати миллиашон ба хубӣ намояндаи дидгоҳҳои онон бошад. Раъйдиҳандагон дар Хорватия ва Британия камтарин мизони ризоятро доштанд. Танҳо 23 дарсад дар ҳар ду кишвар гуфтанд, давлаташон ба таври муассир намояндаи онон аст.

Дар Иёлоти Муттаҳида 61 дарсади раъйдиҳандагон муътақид буданд, вазъияти демократия аз соли 2020 рӯ ба вахомат гузоштааст.

Раъйдиҳандагон дар Фаронса (86 дарсад) ва Испания (80 дарсад) беш аз ҳама нигарони ояндаи низомҳои демократии худ дар панҷ соли оянда буданд. Посухдиҳандагон бузургтарин таҳдидҳо барои демократияро интишори иттилооти нодуруст, фасод, набуди посухгӯии сиёсатмадорону рушди сиёсатҳои ифротӣ донистанд.

Гидеон Скиннер, мудири аршади сиёсати Британия дар Ипсус ба “Политико” гуфт: “Нигаронии густардае дар бораи наҳваи амалкарди демократия вуҷуд дорад, мардум ба вижа эҳсос мекунанд давлатҳои миллӣ намояндаи онон нестанд. Нигарониҳои хосе дар бораи таъсири ахбори ҷаълӣ, иттилооти нодуруст, набуди посухгӯии сиёсатмадорону ифротгароӣ вуҷуд дорад. Дар бештари кишварҳо хости тағйироти решаӣ дида мешавад.

Натоиҷи ин назарсанҷӣ дар шароите мунташир мешавад, ки нигарониҳо дар бораи таҳдиди демократия дар Ғарб рӯ ба афзоиш аст. Гузориши ахири гуруҳи 20 низ нишон медиҳад, нобаробарии сарват дар ҷаҳон, ҳимоят аз аҳзоби ифротиро тақвият карда, мубоҳисаи сиёсиро тазъиф намуда ва заминаро барои иқтидоргароӣ омода месозад.

Гуфтанӣ аст, Комиссияи Аврупо ин ҳафта тарҳҳое барои тақвияти демократия дар 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ироа кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha