15 Ноябр 2025 - 09:33
Source: ABNA
Би-Би-Сӣ эълом кард ба Трамп, ҷуброн пардохт намекунад

Шабакаи телевизионии Би-Би-Сӣ эълом кард, ки ба раисиҷумҳури Амрико барои таҳрифи суханронии вай, ҷуброн пардохт нахоҳад кард.

Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз Би-Би-Сӣ, як сухангӯи ин расонаи инглисӣ гуфт: "Вакилони мо, номае ба тими ҳуқуқии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, дар посух ба номае, ки рӯзи якшанбе дарёфт карда буданд, ирсол кардаанд."

Дар бахше аз ин нома омадааст: "Мепазирем, ки вироиши мо ба таври ғайриқасдона, ин тасаввурро эҷод кард, ки дар ҳоли намоиши як бахши пайвастаи суханронӣ ҳастем ва ин иқдом, боис шуд ин тасаввури ғалат эҷод шавад, ки раисиҷумҳури Амрико мустақиман хостори иқдоми хушунатомез шудааст."

Вакилони Би-Би-Сӣ дар айни ҳол, пардохти ҷуброни хисоротро рад карданд ва навиштанд: "Бо ин ки Би-Би-Сӣ самимӣ аз наҳваи вироиши клипи видеоӣ пушаймон аст, ин мавзӯъ, наметавонад тавҷеҳе барои тарҳи даъвои тӯҳмат бошад."

Вакилони Трамп таҳдид кардаанд, ки дар сурати адами содири баёнияи ислоҳӣ, узрхоҳӣ ва ҷуброни хисорот, алайҳи Би-Би-Сӣ шикояти як миллиард долларии хоҳанд кард.

Your Comment

You are replying to: .
captcha