Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз торнамои амрикоии "Аксиос", Доналд Трамп тайи паёме дар шабакаи иҷтимоии "Truth Social" эълом кард, ки дастур хоҳад дод Вазорати адлия дар бораи иртиботи Ҷеффри Эпштейн (миллиардери бадном ва саркардаи як банди қочоқи духтарони наврас) бо Билл Клинтон ва чанд шахсияти дигар таҳқиқ кунад.
Трамп дар паёми худ эълом кардааст, ки демократҳо аз парвандаи Эпштейн барои мунҳарив кардани афкори умумӣ аз шикастҳои сиёсии Ҳизби Демократ дар мавзӯъоти мухталиф, аз ҷумла таътили давлати федеролӣ, истифода мекунанд.
Вай гуфт: аз Додситони кулл ва Вазорати адлия ҳамроҳ бо FBI хоҳад хост то дар бораи равобити Эпштейн бо Клинтон, Ларри Саммерс, Рид Ҳоффман ва бонки "Ҷи-Пи Морган Чейз" таҳқиқ кунанд.
Ин изҳороти Трамп пас аз он матраҳ шуд, ки демократҳои Маҷлиси намояндагони Амрико, имейлҳоеро мунташир карданд, ки нишон медиҳад Трамп аз мавзӯи сӯиистифодаи ҷинсии Эпштейн аз духтарони ноболиғ иттилоъ доштааст.
Your Comment