15 Ноябр 2025 - 09:33
Source: ABNA
Артиши Судон сафарбарии умумӣ эълом кард

Фармондеҳи артиши Судон, имрӯз ҷумъа сафарбарии умумӣ эълом кард то мардуми ин кишвар бо нерӯҳои «Пуштибонии Сарӣ» (RSF) муқобила кунанд.

Бино ба гузориши Агентии ахбории "Абно" ба нақл аз "Ал-Арабия", Абдулфаттоҳ ал-Бурҳон, раиси Шӯрои ҳокимиятӣ ва фармондеҳи кулли артиши Судон, эълом кард, ки сарнавишти ниҳоии набард бо нерӯҳои «Пуштибонии Сарӣ» дар минтақаи Дарфур ҳал хоҳад шуд ва ҳеҷ гуна оташбас ё музокирае бо шӯришиён нахоҳад дошт. Ӯ аз тамоми шаҳрвандони қодир ба ҳамли силоҳ хост, ки ба амалиёти низомӣ бипайванданд.

Ал-Бурҳон таъкид кард, ки танҳо шарти гуфтугӯ, халъи силоҳи комили ин нерӯҳост. Вай афзуд, ки набарди ҷорӣ идома хоҳад ёфт ва поёни он дар Дарфур воқеъ дар ғарби Судон, ҳал мешавад.

Бахшҳои васеъи Судон ҳамчунон шоҳиди ташдиди набард миёни артиш ва нерӯҳои Пуштибонии Сарӣ аст; даргириҳое, ки пас аз тасаллути ин нерӯҳо бар бахши аъзами Дарфур, ба манотиқи ҳамҷавор дар иёлати Курдуфон низ густариш ёфтааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha