Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз хабаргузории Спутник, Вазорати хориҷаи Русия имрӯз, чаҳоршанбе, бо судури баёнияе эълом кард: "Гуфтугӯи телефонӣ миёни Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, ва Аббос Ироқчӣ, муовини вазири умури хориҷаи Эрон, анҷом шуд."
Дар баёнияи содира аз сӯи Вазорати хориҷаи Русия дар ин хусус омадааст: "Вазирони хориҷаи ду кишвар дар мавриди масоили ҷории дуҷониба ва мавзӯъҳои минтақаӣ табодули назар карданд."
Дар идомаи ин баёния изофа шудааст: "Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия дар ин ройзании телефонӣ ҳамчунин аз Кобул ва Исломобод хостанд, то ба гуфтугӯҳо барои ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи дипломатӣ ва равишҳои гуфтугӯмеҳвар идома диҳанд."
Your Comment