аиси режими саҳюнистӣ, хостори афви нахуствазири ин режим шуд.
Бино ба гузориши хабаргузории АБНА ба нақл аз рӯзномаи саҳюнистии "Йедиот Аҳаранот", Исҳоқ Ҳертзог, раиси ин режим, эълом кард, ки номаи расмие аз сӯи Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, дарёфт карда, ки дар он, аз ӯ хоста шуда то Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазирро, ба таври комил афв кунад.
Трамп дар ин нома бо сарбарги расмии Кохи Сафед, аз Нетаняҳу ҳамчун нахуствазире муқтадир ёд кардааст, ки набояд тамаркузаш, бо ин масоил аз байн биравад.
Номаи расмии Трамп ба Ҳертзог барои афви Нетаняҳу
Трамп дар ин нома, парвандаҳои қазоӣ алайҳи Нетаняҳуро сиёсӣ ва ноодилона тавсиф кард ва гуфт: "Вақти афви Бибӣ ва поён додан ба ин мунозиаи қазоӣ аст."
Дафтари раиси режими саҳюнистӣ дар вокуниш ба ин нома, навишт: "Ҳертзог барои Трамп, эҳтироми зиёде қоил аст ва ҳамвора, пуштибонии беқайдушарти ӯ ва нақши барҷастааш дар тақвияти амнияти Исроилро сутудааст, аммо ҳар кас, ки хоҳони бахшиш аст, бояд мутобиқ бо муқаррарот, расман дархости афв кунад."
Трамп дар ҳоле хоҳони афви Нетаняҳу ба хотири парвандаи фасод шуда, ки нахуствазири режими ишғолгар, ба хотири иртикоби ҷинояти ҷангӣ дар Ғазза, таҳти таъқиби ниҳодҳои қазоии байналмилалӣ қарор дорад.
Your Comment