Тибқи гузориши Агентии ахбории АБНА, Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, амали террористӣ дар назди маҷмааи додгоҳӣ дар Исломободи Покистонро, ки боиси кушта ва захмӣ шудани теъдоде аз мардум гардид, ба шиддат маҳкум кард.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ зимни изҳори таслият ба мардум ва ҳукумати Покистон, ба хусус хонаводаҳои ҷонбохтагон, аз Худованди бузург барои маҷрӯҳони ҳодиса шифо ва саломатӣ хост.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ бо ишора ба мавзеи аслии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар маҳкумияти қотеъонаи ҳамаи шаклҳо ва зуҳуроти терроризм ва ифротгароии хушунатомез, бар зарурати муқобила ва решакан кардани падидаи зишти терроризм, аз ҷумла тавассути тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ, таъкид кард.
Your Comment