Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ҳоле ки охирин тавофуқи контроли таслеҳоти ҳастаӣ миёни Амрико ва Русия то феврали оянда ба поён мерасад, Доналд Трамп ва Владимир Путин, раисони ҷумҳурии Амрико ва Русия ҳафтаҳост бо таҳдид ба азсаргирии озмоишҳои ҳастаӣ, танишҳоро боло бурдаанд.
Пас аз он ки Путин дар авохири октябри 2025 аз озмоиши мушаки ҳастаии ҷадиди Русия хабар дод, Трамп эълом кард, ки дастури анҷоми нахустин озмоиши ҳастаии Амрико дар се даҳаи гузаштаро додааст. Ин изҳори назарҳои таҳоҷумии ду тараф, аз ҷумла посухи Русия мабнӣ бар баррасии азсаргирии озмоишҳои ҳастаӣ, нигарониҳои ҷаҳониро барангехтааст.
Тамаркузи ду тараф акнун бар мавъиди инқизои охирин тавофуқи контроли таслеҳоти ҳастаӣ, Паймони старти ҷадид (New START) аст, ки дар чаҳоруми феврали 2026 ба поён мерасад. Паймони старти ҷадид дар соли 2010 миёни Амрико ва Русия имзо шуд ва ҳадафи он маҳдудсозии теъдоди кулоҳакҳои ҳастаии мустақар дар мушакҳои қоррапаймо ва бомбафканҳои роҳбурдӣ буд. Ин паймон ҳар ду кишварро ба ҳаддиаксар 1550 кулоҳаки ҳастаии мустақар дар сомонаҳои партоб маҳдуд мекунад. Ин сомонаҳо шомили мушакҳои боллистики қоррапаймо, мушакҳои боллистики партобшаванда аз зердарёӣ ва бомбафканҳо ҳастанд. Паймони старти ҷадид ҳамчунин шомили созукорҳои бозрасӣ ва эътимодсозӣ буда ва охирин тавофуқи фаъол дар ҳавзаи контроли таслеҳоти ҳастаӣ миёни ду қудрати бузург аст.
Ташдиди рақобати ҳастаӣ
Дар солҳои ахир, ба вижа пас аз ҷанги Украина, равобити Амрико ва Русия ба шиддат тира шудааст. Ташдиди рақобати ҳастаӣ миёни Амрико ва Русия ояндаи Паймони старти ҷадидро бо хатари фурӯпошӣ мувоҷеҳ кардааст. Ин паймон ки охирин тавофуқи контроли таслеҳоти ҳастаӣ миёни ду қудрати бузург маҳсуб мешавад, дар сояи танишҳои сиёсӣ ва низомӣ ба шиддат осебпазир шудаву эҳтимоли тамдид ё иҷрои комили он коҳиш ёфтааст. Русия дар соли 2023 эълом кард, ки мушорикати худ дар Паймони старти ҷадидро таълиқ мекунад. Амрико низ бо тавсеаи сомонаҳои мушакӣ ва озмоишҳои ҷадид, паёми равшане аз бозгашт ба рақобати ҳастаӣ фиристодааст. Ҳар ду кишвар ба дунболи модернсозии зарродхонаҳои ҳастаии худ ҳастанд, ки ин амр бо рӯҳи Паймони старти ҷадид дар тазод аст. Коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки адами тамдиди ин тавофуқ барои нахустин бор пас аз 1991, имкони истиқрори таслеҳоти ҳастаии бурди баланд, бидуни маҳдудиятро фароҳам мекунад ва метавонад мунҷар ба сӯитафоҳум, муҳосиботи нодуруст ва афзоиши хатари буҳрон шавад. Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ки як тавофуқи сиёсӣ барои ҳифзи сақфи феълии таслеҳоти ҳастаӣ метавонад сареъ ва муассир бошад. Дар айни ҳол фишорҳои ҷумҳурихоҳон бар адами тамдиди тавофуқ афзоиш ёфта, аммо Трамп ба маҳдудиятҳову контроли таслеҳоти ҳастаӣ на фақат бо Русия, балки бо Чин низ алоқа нишон додааст.
Сенарияҳои эҳтимолӣ барои ояндаи Паймони старти ҷадид
1 . Фурӯпошии комили паймон: бо идомаи танишҳо, эҳтимол дорад паймон дар феврали 2026 бидуни тамдид мунқазӣ шавад. Ин амр ба маънои поёни охирин маҳдудиятҳои расмӣ бар зарродхонаҳои ҳастаӣ хоҳад буд.
2 . Тамдиди кӯтоҳмуддат: бархе таҳлилгарон муътақиданд, имкон дорад ду кишвар барои ҷилавгирӣ аз мусобиқаи таслеҳотии тамомайёр, ба тамдиди кӯтоҳмуддати паймон тан диҳанд. Владимир Путин ҳатто пешниҳоди тамдиди яксоларо матраҳ кардааст.
3 . Бозтарроҳии қавоиди ҷадид: Амрико ва Русия мумкин аст ба ҷои ҳифзи паймони феълӣ, ба дунболи тарроҳии тавофуқе ҷадид бошанд, ки бо шароити геополитикии имрӯз ва ҳузури қудратҳои дигар монанди Чин ҳамоҳанг бошад.
Таъсир бар амнияти ҷаҳонӣ
- афзоиши хатари мусобиқаи таслеҳотӣ: фурӯпошии Паймони истарти ҷадид метавонад ба рақобати бемаҳор дар тавлиду истиқрори кулоҳакҳои ҳастаӣ мунҷар шавад.
- тазъифи низоми контроли таслеҳот: поёни старти ҷадид ба маънои нобудии охирин сутуни низоми контроли таслеҳоти ҳастаӣ хоҳад буд.
- афзоиши беэътимодии байналмилалӣ: кишварҳои дигар мумкин аст эҳсос кунанд, ки бояд зарродхонаҳои худро тақвият кунанд ва ин амр амнияти ҷаҳониро таҳдид мекунад.
Ҷамъбандӣ
Бо поёни Паймони старти ҷадид ва афзоиши озмоишҳои ҳастаӣ, ҷаҳон барои нахустин бор пас аз даҳаҳо бо эҳтимоли истиқрори таслеҳоти ҳастаӣ бидуни маҳдудият мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки ниёзи фаврӣ ба тасмимгирӣ дар бораи тамдиди паймон ё тадвини тавофуқи ҷадидро афзоиш додаву ҳар гуна таъхир метавонад ба афзоиши хатароти стртегӣ ва бесуботии ҷаҳонӣ мунҷар шавад. Бо ин ҳол, ташдиди рақобати ҳастаии Амрико ва Русия ояндаи Паймони старти ҷадидро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст. Агарчӣ имкони тамдиди кӯтоҳмуддат ё бозтарроҳии тавофуқ вуҷуд дорад, аммо эҳтимоли фурӯпошии комили паймону оғози як мусобиқаи таслеҳотии ҷадид бисёр ҷиддӣ аст. Ин вазъият на танҳо равобити ду қудратро буҳронитар мекунад, балки амнияти ҷаҳониро низ дар маърази хатар қарор медиҳад.
Your Comment