5 Ноябр 2025 - 19:34
Source: ABNA
Рӯзномаи ибрӣ: Пирӯзии Мамдонӣ дар Ню-Йорк аҷиб аст; занги хатар ба садо даромад

Як рӯзномаи ибрӣзабон пирӯзии Заҳрон Мамдонӣ дар интихоботи шаҳри Ню-Йоркро занги хатар барои режими саҳюнистӣ донист.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Шаҳоб, рӯзномаи ибрӣзабони Едиот Аҳронот гузориш дод, пирӯзии Заҳрон Мамдонӣ дар интихоботи шаҳрдории Ню-Йорк як иттифоқи зудгузар нест, балки баёнгари қудрат гирифтани ҷараёнест, ки дар хусуси машруъияти режими саҳюнистӣ шакку тардид дорад.

Дар идомаи ин гузориш омадааст: "Аҷиб аст, ки шаҳри Ню-Йорк, ки шоҳиди ҳаводиси 11 сентябр буда ва дар баргирандаи бештарин теъдоди яҳудиён дар саросари ҷаҳон аст, як шахсияти мусалмони зидди Исроилро интихоб мекунад."

Ин рӯзномаи ибрӣзабон эътироф кард: "Пирӯзии вай ба мисобаи занги хатар барои Исроил аст. Ин пирӯзӣ бад-ин маънист, ки амрикоиҳо дигар дар хусуси Исроил иҷмоъи назар надоранд."

Your Comment

You are replying to: .
captcha