Ба гузориши Порс Тудей, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ ахиран дар 28 меҳрмоҳи 1404 ҳиҷрии шамсӣ дар дидори садҳо нафар аз қаҳрамонони риштаҳои мухталифи варзишӣ ва медаловарони олимпиадаҳои илмии ҷаҳонӣ, силии бовар накардании Ҷумҳурии Исломии Эрон ба режими саҳюнистӣ дар ҷанги 12 рӯзаро омили маъюс шудани онҳо донистанду хотир нишон карданд: Саҳюнистҳо таваққуъ надоштанд, ки мӯшаки эронӣ битавонад бо шуълаҳо ва оташи худ ба аъмоқи марокизи ҳассосу муҳими онҳо нуфуз ва ин марокизро нобуд ва табдил ба хокистар кунад. Ҳазрати ояуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар инки Эрон мӯшакҳоро аз ҷое нахарид ё кироя накард, балки дастӣ сохта ва шиносномаи ҷавони эронӣ аст, таъкид карданд: Ин мӯшакҳоро неруҳои мусаллаҳу саноеъи низомии Эрон омода доштанд ва истифода карданду боз ҳам доранд ва агар лозим бошад дар вақти дигар аз он истифода мекунанд.
Қудрати дифоӣ бояд тақвият шавад
Раҳбари Инқилоби Исломӣ ҳамчунин дар маросими муштараки донишомӯхтагии донишҷӯёни донишгоҳҳои афсарии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар таърихи 11 меҳрмоҳи 1401 ҳиҷрии шамсӣ, тақвияти неруҳои мусаллаҳи Эронро тақвияти кишвар донистанд ва гуфтанд: Яке аз сутунҳои муҳкам дар тақвияти кишвар, неруҳои мусаллаҳ ҳастанд. Албата тақвияти кишвар фақат ба неруи мусаллаҳ вобаста нест; сутунҳои муҳками дигаре ҳам ҳастанд, пешрафти илмии мояи пешрафти кишвар аст; имони умумии мардуму русухи имон дар дилҳо мояи истеҳкоми миллӣ аст; ҳукӯмати бархеста аз мардуму муттакӣ ба мардуми мояи сарбаландии як кишвар аст; ҳамаи инҳо ҳаст, локин ҳузури неруҳои мусаллаҳу қудрати низомӣ ҳам як василаи муҳимме барои тақвияти бунияи кишвар аст. Ин авомили гӯногӯн метавонанд, кишварро аз осебҳо ва душманиҳо ҳифз кунанд ва ҳаросат кунанд. Албатта ин моли ҳамаи кишварҳо аст, махсӯси кишвари Эрон нест; ҳамаи кишварҳо эҳтиёҷ доранд ба ин абзорҳои истеҳком, локин дар кишваре мисли Эрон, ки бо душманони қулдуру зӯргӯ мисли Амрико ва амсоли онҳо рӯбарӯ аст, ин аҳамияти бештаре дорад; лизо қудрати дифоӣ бояд тақвият бишавад.
Қавӣ бишавем то таҳдиди душман тамом бишавад
Дар ҳамин ҳол имом Хоманаӣ дар дидори фармондеҳону коркунони нерӯи ҳавои Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 19 баҳманмоҳи 1398 ҳиҷрии шамсӣ таъкид карданд: Мо эҳтиёҷ дорем, ки Эрон аз ҳамаи ҷиҳот қавӣ бишавад, ки яке аз ҷаҳот ҳам, ҷиҳоти низомӣ аст. Мо намехоҳем касеро таҳдид кунем; мо ки рӯи қуввати низомӣ ва иқтидори низомӣ исрор мекунем, тавсия мекунем, барои таҳдиди ҳеҷ кишваре ва ҳеҷ миллате нест; барои таҳдид нест, барои ҷилавгирӣ аз таҳдид аст, барои ҳифзи амнияти кишвар аст. Агар шумо заъиф бошед, душман ташвиқ мешавад ба инки озору азият бикунад шуморо; агар шумо қавӣ будед, душман ҷуръат намекунад наздик биёяд. Қавӣ бишавем то ҷанг нашавад; қавӣ бишавем то таҳдиди душман тамом бишавад.
Your Comment