Вай дар ихтитомияи ҳамоиши байналмилалии ”Мутолиъоти татбиқии ахлоқ дар Ислому масеҳият” дар Қуми Эрон изҳор дошт : Дунёи муосир инсони муъминро ба чолиш мекашад ; чун ин чолиш саросарӣ аст . Аз ин рӯ ҷавоби мо ҳам бояд ба сурати саросарӣ ироа шавад . Ба гузориши Порс тудей , Кашиш Никита Кузнетсов гуфт : ҳатто гоҳе маҷбур ҳастем, ки аз ҳуввияти худамон ибрози бароъат кунем ё маҷбур мешавем ин ойини наверо, ки бо хашму гуноҳ ҳамроҳ аст, бипазирем.
Раиси Донишгоҳи илоҳиёти прославии Қазони Русия бо ибрози хушҳолӣ аз вуҷуди нуқоти муштарак байни динҳо афзуд : Мо дар гуфтугуҳои муштарак ба натиҷаҳои хубе раседем . Аз ҳамин рӯ ба гуфтугу ниёзи асосӣ дорем.
Раиси ҷумҳӯри Бразилия ҷамъомади неруҳои амрикоӣ дар наздикии Венесуэларо маҳкум кард
Луис да Силва , раиси ҷумҳӯри Бразилия дар вокуниш ба амалиёти низомии ахири Амрико дар минтақаи Кариб гуфт : Сарнавишти Венесуэла набояд тавассути раиси ҷумҳӯри кишвари дигар таъйин шавад, балки бояд ба дасти мардуми ин кишвар рақам бихӯрад .
Ради бекоршавии ҳукмҳои боздошти Натанёҳу ва Галант
Расонаҳои режими саҳюнистӣ гузориш доданд, ки Девони байналмилалии ҷазоӣ ( ICC ) дархости ин режим барои бекорсозии эҳтимолии ҳукмҳои боздошти Бинёмин Натанёҳу , нахуствазир ва Йоав Галлант , вазири ҷанги мустаъфии ин режим ва ҳамчунин таваққуфи таҳқиқотро рад кардааст. Пеш аз ин додситони Девони байналмилалии ҷазӣ дархости судури ҳукми боздошт барои Натанёҳу ва Галлантро ба далели ҷароими ҷангӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият ироа карда буд .
Ироаи паёми Раҳбари инқилоб тавассути дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ба Путин
Алии Лориҷонӣ-дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳӯри Русия паёми Имом Хоманаӣ , раҳбари Инқилоби исломиро ба вай тақдим ва дар бора мавзӯъоти дуҷониба ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ ройзанӣ кард.
Тақлиди ҷавонони ҷопонӣ аз размандагони муқовимат
Бархе аз ҷавонони ҷопонӣ бо пӯшидани либосҳо ва юниформаҳои махсӯси гурдонҳои шаҳид Иззуддин Қассом , шохаи низомии ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ),тавваҷуҳи шаҳрвандони ин кишварро ба худ ҷалб кардаанд. Дар яке аз тасовири мунташиршуда марди ҷавони ҷопонӣ бо пӯшиши мушобеҳи неруҳои Қассом дида мешавад, ки ба таври комил дар нақши худ фурӯ рафтааст ; тасвири маънодор, ки нишон медиҳад ӯ чи гуна шахсияту рӯҳияи муборизони муқовиматро ба дурустӣ дарак кардааст .
Ифшогарии муассисаи фаронсавии Дисклоз бобати мушорикати Порис дар ҷиноёти Ғазза
Муассисаи таҳқиқотии фаронсавии Дисклоз дар гузориши тоза аз ирсоли таҷҳизоти низомии сохти Фаронса ба режими саҳюнистӣ парда бардошт ; таҷҳизоте, ки барои паҳподҳои Гермис 900 тарроҳӣ шудаанд ва дар ҳамалоти артиши ин режим дар борикаи Ғазза ба таври густарда мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бар асоси эъломи ин муассиса, ширкати Сирмат , тавлидкунандаи моторҳои электрикӣ , то кунун даҳҳо қитъаи шомили генераторҳои электрӣкӣ ва моторҳои дақиқи контроли паҳподро бар асоси қарордодҳое ба арзиши 843 ҳазор евра ба ширкати Албит системз , бузургтарин тавлидкунандаи силоҳҳои режими саҳюнистӣ воқеъ дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ супурдааст .
Ҳимояти миллионии мардуми Яман аз фармондеҳи шаҳиди Ситоди артиши ин кишвар
Мардуми Яман бахше аз роҳпаймоии миллионии рӯзи ҷумъаи худро ба ҳимоят аз генерал Муҳаммад Абдулкарим ал-Ғморӣ , раиси Ситоди кулли артиши ин кишвар , ихтисос дода ва таъкид карданд, ки дар сурати бозгашти саҳюнистҳо ба ҷанг дар Ғазза , ба ҷабҳаи пуштибонӣ бозхоҳанд гашт . Миллати Яман дар баёнияи поёнии роҳпаймои миллионии худ эълом карданд : Шаҳид ал-Ғморӣ нақши бузурге дар шикасти шармандаовари Амрикову Англия дар баҳр ва ҳамчунин душмани саҳюнистӣ дар тӯли ду сол ҷанг дошт.
Your Comment