18 Октябр 2025 - 22:17
Source: Parstoday
Афзоиши эътиёд ба маводи мухаддир дар артиши режими саҳюнистӣ/ Ҳушдори Исроил ба Амрико дар бораи нақзи тавофуқ

Бунёди исроилӣ Ал Сом мутахасис дар дармони муъдотон ба маводи мухаддир дар баёнияи ифшо кард, ки 12 дарсад аз касоне, ки таҳти дармони эътиёд қарор мегиранд низомиёни захираи артиши саҳюнистӣ ҳастанд.

Бунёди исроилӣ Ал Сом эдълом кард 18 дарсади аз сарбозоне, ки дар амалиёти мавсум ба "Шамшерҳои оҳанини" режими саҳюнистӣ дар Ғазза хидмат карданд аз эътиёд ранҷ мебаранд ин бунёд таъкид кард, ки бисёри аз низомиёни захира аз муддати хидмати сарбозии худ ибрози норизояти карданд ҳатто бархе аз онҳо шуғли худро аз даст доданд ё маҷбур ба талоқ ё дар марокизи дармонӣ бистари шуданд дар ҳоле, ки бархе дигар ба мори ҷавоно ва дигар маводи мухадира руй оварданд. Бар асоси ин гузориш хастагии равонӣ, изтироб ва тарс, ки дар идомаи ҷанди Ғазза таҷрубра шуд теъдоди зиёди аз низомиёни исроилиро ба самти эътиёд савқ дода аст. Коршиносон муътақидан, ки осори равонӣ ва иҷтимоъӣ ҷанги Ғазза ба тадриҷ дар ҳоли зуҳур аст ва ҷомеъаи исроилӣ барои муқобила бо ин осор ба солҳо ва шояд даҳҳо замон ниёзманд аст.

Идомаи таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба ҷавнуби Лубнон зери чатри ҳимояти Амрико

Рӯзномаи ямании "Яманиён" идомаи таҷовузи режими саҳюнистӣ зидди Лубнонро баррасӣ карда ва навиштааст, ки пас аз наздик ба як сол аз созиши оташбас миёни Лубнон ва режими саҳюнистӣ, таҷовузи ин режим зидди ҷануби Лубнон бо ҳимояти Амрико идома дорад. "Яманиён" дар гузориши худ бо ишора ба кушта шудани як шаҳрванди Лубнон ба мошини ғайринизомии артиши саҳюнистӣ дар минтақаи Тир, афзуд: Ин таҷовузҳои режими Исроил дар ҳоле сурат мегирад, ки Созмони Милал аз "Оромиши чашмгир" дар марзҳои Лубнон сухан  мегуяд, аммо воқеиятҳои майдони хилофи онро нишон медиҳанд. Рӯзномаи яманӣ афзудааст: Бо вуҷуди сипари шудани ҳудуди як сол аз созиши оташбас, режими саҳюнистӣ ба таҷовузи ҳамарӯзаи худ зидди ҷануби Лубнон идома медиҳад ва ин ҳамлаҳо бо ҳимояти мустақими Амрико анҷом мешавад.

Як шаҳид дар ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба ҷануби Лубнон

Манобеъи Лубнон эълом карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Исроил ба як мошин дар роҳи Куфра-Сидқин дар ҷануби Лубнон як нафар шаҳид ва ду нафари дигар захмӣ шудаанд. Ба гуфтаи манобеъи огоҳ, дар ин ҳамла ронанда шаҳид ва ду тани дигар маҷруҳ шудаанд, ки вазъи яке аз онҳо вахим аст.

Лағви ҷаласаи муколамаи Натаняҳу бо иддаои бемори

Дафтари нахуствазири Исроил иддао кард, ки Бинямин Натаняҳу пас аз ташхиси бронхит нақшаҳояш, аз ҷумла ҳузураш дар мурофиаи худро лағв кардааст. Дар ҷараёни мурофиа ва бозпурсии нахуствазири Исроил ӯ аз "Сулфа ва сармохурдагии" худ дар додгоҳи Тел-Авив ёдовар шуд ва додрасҳо ба дархости ӯ барои ба таъхир андохтани мурофиа розӣ шуданд. Қарор буд, ки муҳокима соати 16:30 ба охир расад. Чоршанбе, аммо Натаняҳу дархост кард, ки танҳо барои як муддати кӯтоҳ шаҳодат диҳад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha