16 Октябр 2025 - 09:44
Source: ABNA
Тирандозӣ ба самти автобуси исроилӣ дар ғарби Ромаллоҳ

Манбаъҳои хабарӣ аз тирандозӣ дар наздикии як шаҳраки саҳюнистнишин дар ғарби Ромаллоҳ ва захмӣ шудани 5 нафар бар асари он хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории Шаҳоб, расонаҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд, ки ахбори аввалия аз тирандозӣ ба самти автобуси исроилӣ дар хиёбони 443 дар ғарби Ромаллоҳ ҳикоят дорад.

Бархе манбаъҳо аз захмӣ шудани 5 нафар дар ин ҳодиса хабар дода ва таъкид карданд, ки ҳоли 3 нафар аз маҷрӯҳон вахим аст.

Шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ низ ин ҳодисаро ҷиноӣ хонда ва эълом кардааст, ки 5 нафар тайи он башиддат маҷрӯҳ шуданд, ки аз ду нафар тақрибан қатъи умед шудааст.

Тибқи гузориши ин расонаи саҳюнистӣ, ин тирандозӣ дар наздикии шаҳраки Мӯдиъин рух додааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha