13 Октябр 2025 - 14:24
Source: ABNA
Ҳамос: Миллати Фаластин ҷуз бо озодии охирин асири худ ором нахоҳад нишаст

Ҷунбиши Ҳамос эълом кард, ки миллати Фаластин ҷуз бо озодии охирин асири фаластинӣ ва озодсозии сарзаминҳо ва муқаддасоти худ аз дасти ишғолгарон ором нахоҳад нишаст.

Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории фаластинии "Шаҳоб", ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос бо судури баёнияе ба муносибати амалиёти табодули асирон байни муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ дар баёнияе эълом кард, ки Гурдонҳои Қассом ва муқовимат дар Навори Ғазза, 20 асири ишғолгарро, ки дар дасти муқовимат буданд, озод мекунанд. Ин иқдом дар чорчуби иҷрои марҳилаи аввали тарҳи Трамп барои таваққуфи ҷанг дар Навори Ғазза сурат мегирад.

Дар ин баёния омадааст, ки Ҳамос бо ин иқдом, бар пойбандӣ ба тааҳудоти худ ва аҳаммияти талоши миёнҷиён барои водор кардани душмани саҳюнистӣ ба иҷрои тааҳудоти худ бар асоси тавофуқ ва такмили иҷрои тамоми бандҳои он таъкид мекунад.

Ин баёния меафзояд: Озодии асирони қаҳрамони мо, аз ҷумла касоне, ки ба ҳабси абад ва аҳкоми сангин маҳкум шудаанд ва чандин даҳаро пушти милаҳои зиндон гузаронидаанд, самараи қаҳрамонӣ ва пойдории миллати бузурги мо дар Навори Ғазза ва фарзандони он дар муқовимати шуҷоъ аст. Ин вафои ба аҳди муқовимат бо миллат ва асирони худ ва таҷассуми иродаи озодӣ аст, ки дар баробари ситами нозиҳои нав дар ҳам намешиканад.

Ҳамос афзуд, ки Нетаняҳу ва артиши саҳюнистӣ дар тӯли ду соли наслкушӣ ва тахриб дар Ғазза, дар озодии асирони худ бо зӯр муваффақ нашуданд ва дар ниҳоят маҷбур ба таслим шудан дар баробари шарути муқовимат шуданд.

Бар асоси ин баёния, муқовимат бо вуҷуди талошҳои Нетаняҳуи ҷинояткор ва артиши террористии ӯ барои ҳадаф қарор додани асирони саҳюнистӣ, тамоми талоши худро барои ҳифзи ҷони асирон ба кор гирифт. Ин дар ҳоле аст, ки асирони фаластинӣ дар зиндонҳои саҳюнистҳо дар маърази анвои нақзи ҳуқуқ, аз ҷумла озору азият, шиканҷа ва қатл қарор доранд.

Ҳамос афзуд, ки масъалаи асирон дар раъси авлавиятҳои миллии миллат ва муқовимати мо боқӣ хоҳад монд ва миллати Фаластин ҷуз бо озодии охирин асир аз зиндонҳои саҳюнистҳои нозисм ва аз байн бурдани ишғолгарӣ аз сарзамин ва муқаддасоти худ ором нахоҳад гирифт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha