Ба гузориши хабаргузории Абно, пойгоҳи хабарии "Мидл-Ист-Ай" (Middle East Eye) дар гузорише навишт, ки Яман бо иттихози мавзеъи қатъӣ ва пурқувват, таваққуфи амалиёти худро машрут ба пойбандӣ (режими) Исроил ба тавофуқҳои мавҷуд кардааст.
Ин расонаи инглисӣ таъкид кард, ки ин мавзеъ, нишонаи равшани иқтидори сиёсӣ ва низомии Санъо дар баробари фишорҳои Амрико ва Тел-Авив аст.
Бар асоси гузориши "Мидл-Ист-Ай", шуморе аз коршиносон ва таҳлилгарони низомӣ таъкид карданд, ки нерӯҳои яманӣ дар ду соли ахир амалкарди пурқувват ва муассир дар майдони набард аз худ нишон додаанд ва тавонистаанд тавозуни боздорандагии ҷадиде дар минтақа эҷод кунанд.
Ин пойгоҳи инглисӣ дар идома афзуд, ки нерӯҳои яманӣ дар мақоеъи мухталиф, ҳамлаҳои дурбурд алайҳи аҳдофе дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом додаанд, ки бархе аз онҳо мунҷар ба ихтилол дар бахши ҳавоии Исроил ва нуфуз ба сомонаҳои дифоъии он шудааст.
Ба навиштаи "Мидл-Ист-Ай", таҳлилгарон муътақиданд яманиҳо муваффақ шудаанд Вошингтонро водор кунанд то дар мавзӯъи Яман, пайванди худро бо режими Исроил қатъ кунад; иқдоме, ки аз диди коршиносон, дастоварди муҳим ва ғайри қобили чашмпӯшӣ барои Санъо аст.
Your Comment