Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз "Ал-Маълума", нерӯҳои Ҳашди Шаъбӣ муваффақ шуданд, ки дар ҷадидтарин амалиёти амниятии худ Абдурраззоқ Уда, яке аз саркардагони барҷастаи ҳизби аз фаъолият бозмондаи Баъс-ро боздошт кунанд.
Бар асоси ин гузориш, амалиёти мазкур баъд аз чанд ҳафтаи назорати иттилоотии таҳаррукоти Уда дар Ироқ сурат гирифт. Ӯ яке аз аносири муассир дар режими собиқи Ироқ буда, ки дар иртикоби ҷиноёт алайҳи миллати ин кишвар, аз ҷумла эъдом кардани бисёре аз афроди бегуноҳ, даст доштааст.
Ҳамчунин гузориш шудааст, ки ин шахс даст ба таҳаррукоте алайҳи амнияти Ироқ зада ва бо дигар саркардагони ҳизби аз фаъолият бозмондаи Баъс бо ҳадафи эҷоди фитна дар ин кишвар дар иртибот будааст.
Нерӯҳои Ҳашди Шаъбӣ эълом карданд, ки иҷоза нахоҳанд дод ин ҳизб бори дигар Ироқро ба даврони торики гузашта баргардонад.
Your Comment