Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз хабаргузории фаластинии "Шаҳоб", Иброҳим Ал-Мадҳун, нависанда ва таҳлилгари сиёсӣ, дар вокуниш ба анҷоми тавофуқи табодули асирон ва оташбас дар Ғазза менависад: Тавофуқи табодули асирон, ки имрӯз дар ҷараён аст, собит мекунад, ки ишғолгарони саҳюнист шикасти амиқ хӯрдаанд ва он чӣ аз оғози амалиёти "Тӯфони Ақсо" рух дода, тамоми муодилоти мавриди интизори онҳоро барҳам задааст.
Ин таҳлилгари арабзабон бо эъломи ин ки «Имрӯз рӯзи хотирмон дар таърих аст» меафзояд, ки саҳюнистҳо дар рӯзҳои аввали ҷанг, эълом карданд, ки ба ҳеҷ муомилае тан нахоҳанд дод ва асирони онҳо танҳо бо қудрати низомӣ ва аз тариқи бомбборон, куштор, тахриб ва фишор бар мардуми Ғазза озод хоҳанд шуд. Аммо пас аз ду соли ҷанг ва пас аз тамоми кушторҳо ва ҷиноятҳое, ки муртакиб шуданд, имрӯз маҷбуранд муомилаеро бо Ҳамос имзо кунанд. Зеро гурӯҳҳои муқовимат, пойдорӣ карда ва собитқадам монданд ва собит карданд, ки иродаи мардуми Фаластин қавитар аз мошини ҷангии саҳюнистҳо аст ва асирон танҳо бо ирода ва пойдорӣ озод мешаванд, на бо таслим ва дикта.
Your Comment