24 Сентябр 2025 - 14:34
Source: ABNA
Раисиҷумҳури Чили: "Намехоҳам Нетаняҳу бо мушак бимирад!"

Раисиҷумҳури Чили гуфт, дӯст дорад шоҳиди муҳокимаи нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Додгоҳи байналмилалӣ ба иттиҳоми наслкушӣ дар Ғазза бошад.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлулбайт(а) - Абна, Габриэл Борик, раисиҷумҳури Чили гуфт, дӯст надорад шоҳиди марги Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ бар асари таркиши мушак бошад, балки мехоҳад Нетаняҳу низ монанди ҷинояткорони ҷангӣ дар Балкон ва Руанда, ба иттиҳоми куштори ҷамъии мардуми Ғазза дар Додгоҳи байналмилалӣ муҳокима шавад.

Ба гузориши "Русия ал-Явм", Борик дар суханронии худ дар нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт: "Намехоҳам бубинам, ки Нетаняҳу ва хонаводааш бо (таркиши) мушак нобуд шаванд, балки мехоҳам ӯ ва дигар масъулони куштори ҷамъии мардуми Фаластинро дар Додгоҳи Адолати Байналмилалӣ бубинам."

Борик аз ҳамлаҳои режими саҳюнистӣ ба Қатар ва таркишҳо дар Эрон интиқод ва таъкид кард, ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо нафратпароканӣ мубориза ва низоми чандқутбӣро тақвият кунад.

Вай афзуд: "Имрӯзҳо дар соли 2025 ҳазорон инсони бегуноҳ фақат ба хотири он ки фаластинӣ ҳастанд, ҷони худро аз даст медиҳанд, ҳамон тавр ки миллионҳо нафар 80 сол қабл сарфaн ба хотири яҳудӣ будан ҷонашонро аз даст доданд."

Борик бӯҳрони Ғаззаро бӯҳрони ҷаҳонӣ тавсиф кард, зеро бӯҳрони инсонӣ аст ва афзуд: "Замоне ки кӯдакони фаластинӣ зери овор мемонанд, мо дар кишвари худамон Чили, ки бузургтарин ҷомеаи фаластинӣ дар ҷаҳон дар хориҷ аз кишварҳои арабӣро дар худ ҷой додааст, воқеан дарднок мешавем."

Раисиҷумҳури Чили ҳамчунин аз Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба иллати инкори бӯҳрони об ва ҳаво интиқод кард ва гуфт: "Имрӯз аз ин трибун гуфта шуд, ки чизе ба номи гармшавии замин вуҷуд надорад. Ин як дидгоҳ нест, балки як дурӯғ аст ва бояд бо дурӯғ ҷангид."

Your Comment

You are replying to: .
captcha